Келинчак дар оғӯши марди бегона

Ман соҳиби ду фарзанд, як писару як духтар ҳастам. Писарам Наргис ном духтареро дӯст дошта, ду пояшро ба як мӯза андохт, ки ба ғайр аз ӯ дигар ягон касро намегирад.

Бо сад орзую ҳавас тӯйи осмонкаф ороста, духтари дӯстдоштаи писарамро келин кардам. Зиндагиамон баъди тӯй вазнин шуду писари бечораам ба Русия коркунӣ рафт. Рафтори келин баъди рафтани писарам тағйир ёфт. Вай бо баҳонаи бо шавҳараш суҳбат кардан “Однокласники” кушода, рӯз то бегоҳу шаб то саҳар телефонбозӣ карда мешишт. Рӯзе тасодуфан телефони Наргис ба дасти ман афтиду суханони ошиқонаи ин зани шавҳардорро ба як ҷавони ношинос хонда ҳуш аз сарам парид. Барои санҷиш ба ҳамон рақам занг зада, худро модари Наргис муаррифӣ намудам. Ҷавон гуфт, ки муҷаррад аст ва кайҳо боз Наргисро дӯст медорад. Келини рӯсиёҳам шавҳару фарзанд доштанашро пинҳон дошта, худро ба ошиқаш духтари хона гуфта будааст. Аввал хостам ба шавҳараш занг зада, ҳамаашро бигӯям, вале боз аз фикрам гаштам, чунки писарам зану фарзандашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва ҳар гоҳ занг занад, аввал Наргисро мепурсид. Қарор додам, ки пеши роҳи келинро худам мегирам. Қабл аз ин Наргис бо баҳонаи дарди гурда тез-тез “ман ба духтур меравам” гӯён аз хона мебаромад ва то бегоҳ гум мешуд. Баъди хондани номаҳои ошиқонааш ба Наргис гуфтам, ки дигар то шавҳараш аз Русия бар нагардад, пояшро аз дар берун намемонад. Келинам худро мусичаи бегуноҳ вонамуд карда “майлаш очаҷон” гуфт, вале ҳамон шаб ба берун барои қазои ҳоҷат баромадаму ба гӯшам садои гуппи кардани чизе расид. Ба атроф нигариста дидам, ки сояи мардонае аз тиреза ба хонаи хоби келин даромад. “Лаънатиҳо, ба дастам афтодед” гӯён, тозон рафта дари хонаи писару келинамро кушодам. Ошиқи касофати Наргис бо дидани ман талхакаф шуда, роҳи гурезро пеш гирифт, вале милаи келини хиёнаткорам хам нахӯрд. Ману келин сахт ҷанҷол кардем. Наргис чанг зада аз мӯйи сарам дошт ва маро бо мушту лагад кӯфтан гирифт. Зӯрам ба келини бузбалаам нарасида, ба замин афтидам. Наргиси худозада то дилаш хунук шудан маро мурданивор заду баъд ба писарам телефон карда гуфт, ки модарат маро чашми дидан надорад, ҷонамро ба лабам овардааст, аз хона баромада меравам….

Телефонро аз дасти келин гирифта, хостам сабаби моҷароро ба писарам фаҳмонам, вале ӯ ба гапҳои ман тамоман гӯш накарда “зиндагии маро барои чӣ вайрон кардан мехоҳӣ, оча, инро дониста мон, ки ман зани сар медодагӣ надорам” гӯён, маро хуб сарзаниш кард.

Инак, як моҳ мешавад, ки писарам аз рӯйи зани ғару тарпочааш бо ман гап намезанад. Дирӯз хабар омад, ки писарам пули чипта фиристодаасту келини хиёнаткорам бо писарчааш ба назди писарам мерафтааст. Ман модарам ва тақдири фарзандам маро сахт ба ташвиш овардааст, чунки ин зани хиёнаткор ба сари писари соддаю зудбовари ман боз чандин балоҳои дигарро оварда метавонад.

Хонандагони азиз, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Муҳаббатхола

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *