Махфират Юсуфӣ

Махфират Юсуфӣ сарвари адибони Ҳисор шуд

Шоира Махфират Юсуфӣ котиби бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таъйин гардид.

Аз МИҲД-и шаҳри Ҳисор хабар медиҳанд, ки ӯ бо Амри раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар мувофиқа бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ин вазифа таъйин шудааст.

Юсуфӣ Махфират 9-уми майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор ба дунё омада, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти кориашро дар идораи барномаи “Субҳ”-и Радиои “Тоҷикистон” ба ҳайси муҳаррир оғоз карда, то ба вазифаи котибӣ омаданаш роҳбарии радиои “Садои Душанбе”-ро бар уҳда дошт.

Муаллифи китобҳои «Молики фарри каёнӣ», “Гаҳворабони ғам”, “Гули ёс”, “Дардҳои ниҳон”, “Гӯётар аз садо”, «Тозакориҳои Истиқлолият», «Пайки наврӯзӣ», «Аз табори меҳр», «Ашки қалам», “Печутоби сарнавишт» ва ғайра аст.

Ба зиёда аз 80 шеъру таронаҳояш ҳофизони машҳуру маъруфи кишвар оҳанг бастаанд, ки тариқи радиою телевизион садо додааст.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *