артиш

Ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар ботинаш Гурдофаридро мепарварад

23-юми феврал танҳо ҷашни мардҳо набуда, балки ҷашни он занҳое низ ҳаст, ки дили мардона, номусу нанги Ватандорӣ доранд. Ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ суҳбате доштем бо бонувони хизматчии ҳарбии ҚС КДАМ ҶТ полковник Сангова Рухшона Давлатовна, подполковник Исуфова Лутфия Негматовна, майор Эшманова Насиба Ҷуманазаровна, прапоршик Зарипова Муниса Фирдавсиевна, прапоршик Холиқова Насиба Ҳусейновна.

— Мегӯянд, ки «модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад». Аксари мардон бар он ақидаанд, ки артиш ҷои зан нест. Назари шуморо ҳамчун зан-модар ва корманди ҳарбӣ дар мавриди он ки оё ҳузури зан дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар зарур аст ё не, донистан мехоҳем?

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми занону модаронро дар ҷомеа баробари мардон ҳисобида, дар ҳар як паёми худ масъалаи нақши занон дар ҷомеа, алалхусус саҳми занони хизматчии ҳарбиро қайд намуда, мунтазам таҳкид бар он мекунанд, ки занҳое, ки дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат менамоянд, ба вазифаҳои баланди ҳарбӣ таъин ва то ба рутбаҳои баланди ҳарбии генералӣ пешниҳод карда шаванд. Хизмати занон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам зарур ва ҳам лозим аст, чунки занҳо аз иҷрои вазифаҳои хизматияшон сарбаландона баромада, уҳдадориҳои ҳарбии худро бе монеа иҷро намуда, дар гузаштҳои ҳарбӣ ҳатто аз мардон дида зебо ва босифат қадам мегузоранд.

Азбаски мардон, хусусан мардони низомӣ каме сахтгиру ҷиддӣ ҳастанд, бонувоне, ки ҳаёти худро ба мудофиаи Ватан пайванд кардаанд, ҳангоми кор бо мардони низомӣ чӣ гуна мушкилиҳоро эҳсос мекунанд?

— Дар вақти адои хизмати ҳарбӣ ягон монеа байни мардон ва занони ҳарбӣ нест. Тавре ки мардон мегўянд, дар Оинномаҳои хизмати ҳарбӣ калимаи «зан» неву «хизматчиёни ҳарбӣ» аст, аз ин бармеояд, ки зану мардони хизматчии ҳарбӣ баробаранд.

— Нақши зани тоҷикро дар ҳимояи марзу буми кишвар чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

— Занони хизматчии ҳарбии Қўшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан-Модар паҳлуи мардон истода, якпорчагии замини кишвари худро ҳимоя менамоянд ва аз ин ифтихор ҳам мекунанд.

— Муҳити оилавии як нафар зани ҳарбӣ чӣ гуна аст? Ҳамсар бо ӯ чӣ гуна муносибат мекунад ва фарзандон чӣ?

— Муҳити оилавии зани хизматчӣ аз дигар занони зиёӣ на он қадар фарқият дорад. Фарқият бештар ба сафарҳои хизматии дур аз хонаю оила, хезонидани бонги хатар дар поси шаб, барвақт ба кор рафтану дер ба хона баргаштан аст. Аммо бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо вуҷуди вақти кўтоҳи худ дар муҳити оила як зани уҳдабаро, кадбону ва дар таълиму тарбияи фарзандон саҳмгузор буда, боиси эҳтироми шавҳарашон низ мебошанд.

— Шумо ҳам дар Рӯзи Артиши миллӣ туҳфа мегиред, ҳам дар Рӯзи Модар. Таассуроти кадоме аз ин туҳфаҳо бароятон ҷолибтару азизтар аст?

— Туҳфае, ки аз тарафи роҳбарияти Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он ҳавасманд мешавем, яъне медалҳои ҷашнӣ бароямон арзиши бештар доранд.

Барои як нафар зани низомӣ оё лозим аст, ки аз лиҳози ҷисмонӣ обутобёфта бошад?

— Ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар ботини худ Гурдофаридро мепарварад, аз ин рӯ, хизматчиёни ҳарбӣ дар тӯли ҳафта ду маротиба ба варзиш машғул мешаванд. Ва дар давоми се моҳ як маротиба аз варзиш санҷиш месупоранд.

— Гирифтани рутбаи ҳарбӣ барои зани низомӣ чӣ аҳамият дорад? 

— Барои сазовор шудан ба рутбаҳои баланди ҳарбӣ пайваста кӯшиш ба харҷ додан ва дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ пурмасъулиятӣ нишон додан лозим аст. Ҳар як рутбаи ҳарбие, ки сазовор мешавӣ, ин як қадам ба пеш рафтан дар хизмати ҳарбӣ ва зиёд шудани маоши вазифавиро дорост, ки ин албатта муҳим мебошад.

— Мешавад ҳолате, ки фарзандон либоси модарашон — зани низомиро бо ифтихор ба бар кунанд ва модар ҳам фахр намояд? 

— Фарзандони мо нисбати либоси низомии ҳарбӣ ифтихори беандоза доранд, зеро аз хурдӣ дар руҳияи Ватандӯстиву меҳандўстӣ ба воя мерасанд.

— Барои занҳое, ки мехоҳанд ба ҳайси корманди низомӣ фаъолият баранд, кадом критерияҳо муҳиманд?

— Барои шомил шудан ба хизмати ҳарбӣ занҳое интихоб мешаванд, ки қавиирода буда, ҷисман солим ва дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус бошанд. Инчунин, барои қабул шудан ба хизмати ҳарбӣ синну сол ва донистани лоақал ду забони хориҷӣ низ муҳим мебошад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *