Майдони Исмоили Сомонӣ дар Хоруғ бозсозӣ мешавад
Майдони Исмоили Сомонӣ ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ навсозӣ мешаванд.
Бинои ба иттилои мақомоти вилояти Бадахшон, бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Хоруғ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ гурӯҳи кории Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми ин ниҳод Бахтиёр Шарифӣ ба шаҳри Хоруғ сафар намудаанд.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ дидан карданд. Бахтиёр Шарифӣ бо лоиҳаи навсозии майдони мазкур шинос гардида, барои ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ намудани майдони марказии шаҳри Хоруғ пешниҳодҳо кардааст .
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ