Президенти Туркманистон даъвати Рустами Эмомалиро пазируфт

Имрӯз, 12 май дар шаҳри Ашқобод мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон  Сердар Бердимуҳамедов доир шуд.

Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ Президенти тозаинтихоби Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бинобар ба ин маснади олӣ интихоб гардиданаш табрик гуфта, дуруди гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба он ҷониб расондааст.

“Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карда шуд. Зимнан, нақши робитаҳои байнипарламентӣ дар тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо муҳим арзёбӣ гардид”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ тавассути татбиқи Барномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 изҳор намудаанд.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Бо мақсади мусодат ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2023 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шавад.

Аснои суҳбат доир ба масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар атрофи вазъи сиёсии минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот Рустами Эмомалӣ Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *