Макри “Муллогӯсфанд” ва зарбаҳо ба зиндагии Заррина

  Заррина Қосимова, сокини  деҳоти Навбаҳори ноҳияи Масчоҳ  яке аз он садҳо нафар ҷабрдидагони ҷабри муллонамову ҷодугарҳост, ки беш аз як сол азоби рӯҳӣ кашида, ба гуфти худаш “волидонашро ба дарёи қарз ғарқ кардааст”. Ҷабрдида –Заррина ба дафтари хабаргузории ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар вилояти Суғд омад ва қиссаи мубтало ба ин дард, яъне рафтан ба даргоҳи фолбину ҷодугарро чунин  нақл  кард:

-Дар синфи 9 мехондам, ки  падару модарам, хоҳарам ва додарам бо аммаам ба шаҳри Гулистон (собиқ  Қайроққум) кӯчида рафтанд.  Волидонам барои мактаби миёнаро пурра дар деҳа хонданам, маро дар пеши янгаам-Нигора монда рафтанд.  Бо янгаам аввал тез-тез ҷанҷол мекардем, баъзе вақт маро буғӣ мекард. Ҷанги мо торафт  шиддат мегирифт. Ба модарам телефон карда гиристам, ки ӯ маро аз Мастчоҳ ба Қайроққум   барад.  Модарам гуфт, ки  мактабро бо дугонаҳоям хонда хатм карда, баъдан барои таҳсили олӣ ба шаҳр оям. 

Хулоса, дар дасти янга азоби ду оламро кашидам, саҳарӣ хеста то вақти дарс корҳои хонаро мекардам ва бо шиками гурусна ба мактаб мерафтам.

Як рӯз янгаам-Нигора ба ман шоколад дод. Онро хурдам ва хостам камтаре  ба Солеҳа (ба духтари янгаам Нигора) диҳам, лекин янгаам “дандонат иллат дорад  ба духтарам нагузарад” гуфта, намонд, ки шоклодро ду қисм кунем. Шоколадро  худам хӯрдам. Баъди ҳамон ба бало гирифтор шудам. Сардарду шикамдард шудам ва  ҳамеша фикри худкушӣ ва танҳоиву гиря  маро фаро гирифт. Волидонам домулло ёфта оварданд.  Вақте ки маро мехонд, ин шоколад ба ёдам бисёр меомад ва ба чашмам  намудор мешуд.  Агар хоб равам,  янгаамро зиёдтар хоб медидам.

Корду ресмон мекофтам, то худкушӣ кунам

Заррина сабаби ба даргоҳи мулло ва ҷодугарҳо рафтанашро чунин нақл кард:

-Аз соли 2017 то 2019 азоби  зиёд кашидам. Танҳо монда будам, тез-тез  бемор шуда, диққи нафас  мешудам ва ба хона намехостам биёям. Говро ба саҳро мебурдам ва то соати 9-10 -и шаб он ҷо будам. Якчанд маротиба хостам, ки худкушӣ  кунам, аммо аз уҳдааш набаромадам. Рӯзе сахт дардманд шудаму бо падарам ба беморхона рафтем. Духтур бемории зоб буданамро гуфта, табобат кардани онро фармуд. Сарам бошиддат дард мекард. Духтурон сабаби фаромадани фишори хунамро аз дарди сар донистанд. Ман табобат гирифтам.Аммо дардам зиёд мешуду кам не, тамоми аъзои оиларо бад дидам. Ҳатто бобоям дуо хонад, дар назарам бало метофт. Китоби Қуръонро бинам, ғазабнок мешудам.  Яккаву танҳо монданро ва торикиро дӯст медоштам.  13-уми феврал шикамдард шудам, аммо он дарди аппендисит набошад ҳам, 14 “аппендисит” гуфта, ҷарроҳӣ карданд. Баъд аз як ҳафтаи ҷарроҳӣ маро ҷавоб доданд. Мо ба хонаи бибиям омадем, аммо беист сарам дард мекард. Ҳар гоҳ дард шиддат гирад, мехостам  худамро нобуд кунам. Уксус, корду алмос ва ҳатто ресмон мекофтам, ки худамро нобуд кунам.  Хулоса, дидем, ки бо духтурҳо намешавад “ихлосу халос” — гуён ба мулло рӯй овардем.

Дар хонаи фолбин  пойҳоям аз кор баромад

Ду моҳ пеш аз ин ҳодисаҳо падари Заррина Икром Қосимов  барои кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будааст. Заррина гуфт:

— Падарам, ки рафтанашро ду моҳ нашуда буд, қарз карда баргашт.  Дар деҳаамон   зане ҳаст бо номи  Гулнора. Манро аз Гулистон  ба Мастчоҳ  бурда, Гулнора-холаро даъват карданд. Гулнора-хола “киначӣ” ва боз ким-  кадом корҳоро мекардааст. Гулнора-хола маро дида “ман ба ин ёрӣ дода наметавонам, дарди духтаратон вазнин, аммо медонам,ки ба ӯ кӣ ёрдам дода метавонад. Дар шаҳраки Бӯстон, дар 2-юм насос Бобоҷон ном як домулло  ҳаст. Ӯ нағз мехонад ва пулро бисёр мепурсад ё ки гов, гӯсфанд мепурсад” гуфт.  Мо ба он ҷо рафтем. Модарам, аммаам ва амакам маро ба назди Бобоҷон-мулло бурданд. Ман то ба хонаи ӯ рафтан нағз роҳ мерафтам. Ба хонаи ӯ даромадем аввал ба ман ин одам нағз барин намуд. Номи манро номи модарамро пурсид. Баъд Бобоҷон ба мо дар Бухоро таҳсил кардагияшро бо 7 хел забон гап мезадагияшро гуфт. Дар хонааш китобҳои  бисёр будааст. Ӯ аз қабатҳои китобҳояш якеашро гирифта, ҳар гуна рақамҳоро номбар кардан гирифт ва ҳамин хел гуфт: “Ба ин духтар лашкар расидагӣ  будаст, агар боз ду рӯз дер мемондед, ин духтар девона мешуд, баъд инро табобат карда намешуд,-

 гуфт.  Агар қоғази ЗАКС бошад, гарму-хунук ҳам мекунам.” Баъдан, фармуд, ки  якуним килограмм гӯшт, 7 дона сӯзан ва собун овардан оред. 401 сомониро ба як одами бечора дода, аз ӯ забонхат меоред, ки дар забонхат чунин навишта бошад: “ман дарди ин духтарро мегирам,  агар мурда монам, ба ин духтар ягон даъвое надорам”  навишта, инчунин аз  раиси маҳалла муҳр задагӣ  бошад. Амакам аз рӯи гуфти мулло Бобоҷон 401 сомониро қарз карда, оварда дод.

 Бобоҷон як варақро ба модарам ва ба аммаам дода, даст мононда гирифт. Ӯ маро  ба хондан сар кард. Пеш аз ба хонаи ӯ рафтанам  ва дар хонаи ӯ ҳам ба чашми ман ҳар гуна одамҳо намудан мегирифт.

Бобоҷон ба ман фармуд,  ки ман ба онҳо “иди к чёрту”гӯям. Ӯ ба ман 7 дона қоғаз навишт ва 7 рӯз инҳоро дар об тар карда, менушӣ гуфт. Гӯштро фақат худат мехӯрӣ, дигар кас хӯрад касалатон дуто мешавад. Сӯзанҳоро ба дастат  молида мепартоӣ, бо собун дасту рӯятро мешӯӣ,-гуфт.  Баъд 40 шабонарӯз дар хонаи торик нишастанам, ба мактаб нарафтанам, таомҳои хешу таборро нахӯрданамро гуфт. Ба дигар ҷо монанди консерт, дискотека бошад, рафтан мумкин гуфт.  Аз хонаи ӯ баромадам, дасту поям кор накард.  Хулоса, ҳолати рӯҳӣ ва вазъи саломатиям бадтар шуд.  Аҳли оилаам Зокирҷон Собиров ном муллоро ёфта оварданд, ки ҳам дуохонӣ мекард ва ҳам бо дониши  психологӣ маро аз худкушӣ раҳо кард.  Зокиров гуфт:- Баъди аҳли оилаи Заррина ба наздам омадан,  рафта дуохонӣ кардам. Аммо ин духтараки бегуноҳро чунон сеҳр карда будаанд, ки баробари оятҳои қуръониро шунидан, нороҳат мешуд ва бо дастонаш рӯяшро мепӯшид. Аслан худаш русиро намедонад, аммо ҷинҳояш русӣ гап мезаданд.

7 моҳ боз баъди ба худ омадани Заррина барои ба ҷавобгарӣ кашидани он фолбину ҷодугарҳое, ки ӯро ба ин рӯзҳои мудҳиш расониданд, кӯшиш карда истодаем. Кори муҳими мо Зарринаро аз худкушӣ боздоштан ва табобат кардан буд. Шукр ба ин кор ноил шудем, аммо имрӯз мисли ӯ лак-лак одамҳо ҷабр дидаанд ва шояд худкушӣ  ҳам кардаанд”-афзуд   Собиров, марде, ки  Зарринаро табобат кардааст. 

Шабзиндадории  падар

Икромҷон Қосимов, падари  Заррина:-Беҳуда “аз макри шайтону бандагони шайтонсират нигоҳ дор” намегуфтаанд. Баъди ба сари оилаи мо омадани ин мушкилот на танҳо зарари  маънавӣ, балки зарари моддӣ ҳам дидем. Зеро аз Русия қарз карда омадам ва ягон беморхонае намонд, ки Зарринаро ҳамроҳ набурда бошам. Аппендесит гуфта ҷарроҳӣ карданд ва зобу дигар бемориҳо гуфта, қуттӣ-қуттӣ дорувориҳо, сӯзандорую дигар табобатҳо фармуданд.

 Се моҳ Зарринаро шабу рӯз дар хона қапида мешиштем. Ҳамин ки беодамӣ кашид, ҳаракати худкушӣ мекард. Шабҳо дасташро дошта, то саҳар бедор менишастам. Ҳатто як-ду бор ҳаракати аз тиреза худро партофтан кард. Доим асбобҳои буррандаю халанда мекофт, ки худашро кушад. Аз тарси ӯ уксус, корду қайчӣ, алмос ва дигар чизҳоро пинҳон мекардем. Заррина  нахустфарзандам аст ва ду сол пеш аз хонишу одобаш курта-курта гӯшт мегирифтам, аммо баъди ба даргоҳи фолбин рафтанаш (он ҳам аз маҷбурӣ) шабу рӯзам якранг шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бар зидди тамоми фолбинҳо хоҳ ҳуҷҷат доранд хоҳ надоранд, хоҳ дарди мардумро даво мебахшанд ё  мисли духтари ман ба марг наздик мекунанд, чораи ҷиддӣ андешанд.  Зеро онҳо хафвноктарин қишри ҷомеа ҳастанд, ки мисли инфексия ба ҳар оила мечаспанд.

 Фолбин: Ду моҳ пеш меомадед…

Барои таҳлили масъала роҳ пеш гирифтем сӯи хонаи Мулло-Бобоҷон. Ин муллоро бо онҳое, ки ихлос надоранд ва ё мисли Заррина шаттаашро хӯрдаанд “Мулло-гӯсфанд” лақаб кардаанд. Зеро ба гуфти мардуми корафтода мулло (фолбин) аз ҳар одами ба наздаш меомада гӯсфанд ва ё маблағи калони пулӣ талаб мекардааст.

Мо ба ҳайси корафтода рафтем ва бо зорию зӯрӣ ба қабулаш даромадем. Дар назди  дарвоза истода,  нахост, мо вориди ҳавлияш шавем. Аммо аз раҳи дур рафтанамро гуфта “раҳмаш”-ро овардем.  Мулло Бобоҷон, ки ба гуфти худаш ҳамагӣ 37 сол дорад,  аз соли 2014 ба фолбинию муллогӣ машғул будааст:- Агар ду моҳ пеш меомадед, коратонро буд карда медодам. Ҳоло ҳамаи чизҳои маро, китобҳои маро ва ҳатто китоби Қуръонамро гирифта бурданд. Ман дигар коре карда наметавонам. Вақте исрор доштам, ки китобҳоятонро бурда бошанд, ҳам илми мағзи сари шуморо набурдаанд-ку!

Мулло гуфт: — Дар он китобҳо баъзе сураҳое ҳаст, ки навишта мондагӣ буд. Ҳоло бекитоб наметавонам ягон коре карда. Илова бар ин мисли шумо як корафтода духтарак омад, баъд маро ба милиса дод. Акнун 2 моҳ боз ман ин корро накарда истодаам. Дигар тавба кардам, падарам аз гӯр хеста ояд, ки  амалҳои пешиямро такрор намекунам. Вақте масъалаи гӯсфандпурсияшро суол кардем,  гуфт: — Ман ҳар беморро вобаста ба дардаш (шояд вазъи ҷайбаш бошад) табобат мефармудам. Аз онҳое, ки гӯсфанд талаб мекардам мекуштаму гӯшташро боз ба худашон медодам (ин чӣ амал аст ва бояд масъулин сари ин масъала нохуни таҳлил зананд). Хулоса, мулло дид, ки саволҳои мо зиёд шуд, бо табъи “болида” гуселамон кард.

Фолбинону ҷодугарҳо “крыша”доранд?

Ин мавод, ки дар симои ҷабрдидагию оворагиҳои як оилаи камбизоат, ки аз пушти фолбину ҷодугарҳо ба ботлоқи қарз ғӯтидаанд,  таҳия шудааст,  дарди як оилаи нест, дарди садҳову ҳазорҳо чунин оилаву одамон аст. Таҳилҳо, мушоҳидаҳо, ҳодисаю воқеаҳо  нишон медиҳанд, ки  рӯзҳои чоршанбе ва шанбе барои фолбинону ҷодугарҳо “рӯзи қабули шаҳрвандон ” аст. Мусаллам  аст дар ҳар қабул садҳо балоро ба сари садҳо оилаҳо меборанд.

Вале баъзе онҳо бо забони ҳол исрор медоранд, ки “крыша” доранд ва касе онҳоро коре карда наметавонад. Саволи мутлақ ин аст:-“Крыша”-и  фолбинону сореҳон  кист?

Фарзона Муродӣ,

Хуҷанд-Мастчоҳ-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *