Мактаббачагони Душанбешаҳр ғолиби озмуни байналмилалӣ шуданд
— Рӯзҳои 1 ва 2-юми июн дар шаҳри Сочии Русия 7-умин озмуни байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони шаҳри Душанбе аз ҳама бештари ҷомҳоро ба даст оварданд,- хабар медиҳад Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки дар ин озмун 100 нафари аз 4 то 14-сола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ширкат кардаанд.
Бино ба иттилоъ, дар ин озмун 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон дар маркази таълимии «Қалам» аз фанни арифметикаи зеҳнӣ таҳсил мекунанд, ширкат варзидаанд.
Иштирокдорони озмун байни худ аз рӯи 4 шарт рақобат кардаанд. Дар ҷадвали раддабандии дастаҳои ширкаткунанда дастаи Душанбеи Тоҷикистон бо касби 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ соҳиби шумораи бештари ҷомҳо гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ