Мусофир расм гирифту ронанда танбеҳ

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки Маҳмадҷон Нозиров барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ боздошт ва танбеҳ дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда ронандаи мошини «Хундай», таҳти рақамҳои 0007NP07 буда, соли таваллудаш 1995 ва сокини шаҳри Душанбе будааст.

Тибқи иттилоъ, наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки дар он як нафар мусофири мошини мазкур аз даричаи болои мошин  баромада, ба расмгирӣ машғул аст, аммо ронанда ба ин эътибор надода, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардааст.

Дар асоси ҳамин навор номбурда дастгир шуда, нисбати ӯ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои чунин поймолсозии қонун ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *