Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” баргузор ва ҷамъбаст гардид

Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо мақсади рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор шуд.

Бино ба маълумоти дарёфтшуда, озмун аз рӯи ихтисосҳои «Системаи компютерӣ» ва интернет-технология, «Челонгари таъмири (муҳаррики) автомобил», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли кишоварзӣ» ва «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ» доир шуд.

Гуфта мешавад, ки даври ниҳоии озмун дар Муассисаи давлатии «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» рӯзи 31-уми май бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода оғоз гардида, то 2-юми июн идома ёфта, 71 нафар хонанда аз 35 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳо маҳорати худро нишон додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, соҳиби ҷойҳои якум Муҳаммад Ҳамроев, хонандаи Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе аз рӯйи ихтисоси «Системаи компютерӣ ва интернет-технология», Муҳаммад Мусозода, хонандаи Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе аз рӯйи ихтисоси «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», Одилҷон Азизов, хонандаи Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав аз рӯйи ихтисоси «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ», Эраҷ Соҳибов, хонандаи Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар аз рӯйи ихтисоси «Челонгари таъмири (муҳаррики) автомобил» шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *