Владимир Колоколтсев ба Суғд омад. Чаро?

5-уми июн вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Русия, генерали политсия В. Колоколтсевро дар вилояти Суғд ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, мақсади ин ташриф иштирок дар ҷаласаи навбатии мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар буда, дар назар буд, ки рӯзҳои 5-6-уми июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мушовара нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чандин сол боз ҷаласаҳои Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир шуда, дар он нақшаҳои кории ду сохтор барои соли оянда тасдиқ мегардад. Ин мушовараҳо бонавбат, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия баргузор карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ин ҷаласаҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро фаро гирифта, дар онҳо мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *