наручник

Боздошти 3 ҷавон бо гумони дуздӣ дар Хуҷанду Айнӣ

ВКД аз боздошти 3 ҷавон, ки яке ноболиғу дигаре зан будааст, хабар медиҳад.

Дар хабар омадааст, ки пиразани 78-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ба ШВКД-и ҳамин шаҳр ариза менависад, ки шаби 20-ум ба 21-уми май шахси номаълуме пинҳонӣ ба хонааш даромада, аз он ҷо 1-то телевизори тамғаи «LG»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, ки пас аз гузаронидани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як ҷавони 24-солаю ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин шаҳр гумонбар дониста шуда, дастгир мегарданд. Зарари расонидашударо 7 ҳазору 500 сомонӣ муқаррар кардаанд ва нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин, пирамарди 75-солаи сокини ноҳияи Айнӣ низ ба ШВКД-и ҳамин ноҳия ариза менависад, ки 24-уми апрел шахси номаълуме пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса нопадид мегардад.

Пас аз ин аз ҷониби кормандони милитсия ошкор мегардад, ки ҷиноятро ҷавонзани 20-солаи сокини ҳамин ноҳия содир кардааст.  Гумонбаршуда дастгир шуда, парванда оғоз гардида ва тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *