Мактаби президентӣ дар Ҳисор 4 медал гирифт

Як сол қабл бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор мактаби президентӣ  расман ифтитоҳ ёфта буд.  Ин мактаб барои хонандагони болаёқати тамоми ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда, дар он ҳудуди 640 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд.   Хабарнигори «Тоҷикистон» аз дастовардҳо ва услуби кор дар ин мактаб бо директори он  Шокирҷон Гадоиён суҳбате анҷом дод, ки фишурдаашро пешкаш менамоем.

Устоди муҳтарам, ибтидо дар бораи мактаби президентӣ чанд сухан мегуфтед. Он чӣ шароит дорад ва киҳо имкони ин ҷо таълим гирифтан доранд?

-Барои бунёди мактаби президентӣ бо 640 ҷой беш аз 60 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар назди мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор 2 хобгоҳ барои 480 хонанда, 1 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 36 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва ҳамаи шароити дигари мувофиқ ба талаби замон бунёд шудааст. Мактаби  президентӣ аз як бинои сеошёнаи таълимӣ иборат буда, дорои 43 синфхонаю кабинетҳои фаннӣ, 7 озмоишгоҳ ва дигар шароити мусоиди дарсомӯзӣ мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ айни ҳол 56 нафар омӯзгори ботаҷриба тариқи озмун ба кор ҷалб гардидаанд.

-Таҳсили хонандагон дар мактаби президентӣ аз рӯйи кадом метод сурат мегирад?

-Асосан таълиму тадриси  хонандагон дар ин муассисаи бошукӯҳ пурра дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Барои ин дар мактаби президентӣ тамоми шароити таълимӣ муҳайёст. Толорҳои  барҳавои фарҳангию варзишӣ, китобхонаи электронӣ, ошхонаю хобгоҳҳои замонавӣ таҷҳизот  ва технологияи муосир имкон фароҳам меорад, ки хонандагон бештар ба таҳсил машғул шаванд.

Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассисаи таълимӣ беҳтарин хонандагон тариқи озмун аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Восеъ, Бохтар, Роғун, Рашт, Қӯрғонтеппа, Шаҳритус, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода барои таҳсил қабул карда шудаанд. Ин муассисаи муосири таълимӣ аз рӯйи шаҳомат пас аз боргоҳҳои илму маърифат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Хуҷанд ва Бохтару Данғара нуҳумин мактаби президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.

-Таълим аз рӯйи кадом равия аст?

-Гуманитарӣ ва дақиқ. Дарсҳо ба забони англисӣ низ сурат мегирад. Дар баробари гурӯҳҳои тоҷикӣ гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ низ дар мактаби мо ҳаст. Бештар фанҳои биология,  химия, физика, риёзӣ ва технологияи иттилоотӣ тадрис  мешаванд.

-Бештари волидайн аз нарх ва сифати либосҳои мактабӣ изҳори норизоӣ мекунанд. Либоси  ягонаи мактабиро хонандагони шумо  чӣ гуна дастрас карданд?

-Мо бо яке аз корхонаҳои дӯзандагии кишвар қарордод бастем ва тамоми либосҳои мактабии хонандагони моро ин корхона дар вақти пешбинишуда бо сифати баланд таъмин менамояд. Албатта, либоси  мактаби мо аз дигар муассисаҳои таълимӣ фарқ мекунад. Андозаҳои  28 то 32 барои хонандагони синфҳои  ибтидоӣ 160 сомонӣ, 32 то 40 180 сомонӣ, аз 40 то 46  барои синфҳои болоӣ 200 сомонӣ  муқаррар шудааст. Бо  ин нарх писарон шиму костюм, курта, гарданбанд ва духтарон  юбкаву кофта харидорӣ мекунанд.

-Хонандагон бештар ба кадом фанҳо шавқ доранд ва ба он равия таҳсил мекунанд?

— Математика.

-Чаро?

-Математикаро  «шоҳи фанҳо» меноманд. Тавре маълум, дар ҷомеаи мо таваҷҷуҳ ба соҳибкорӣ бештар шудааст. Волидайн ҳам  фарзандонашонро барои азхкудкунии математика бештар талқин месозанд.

-Чанд синфи русӣ ва англисӣ доред?

— Ду  синфи англисӣ: 7ва 8. Ҳашт синфи дигар русӣ дорем. Дар як гурӯҳ то 24 нафар таҳсил мекунанд. Ҳатто, аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ омада, дар мактаби мо курсҳои русию англисиро меомӯзанд.

-Дар бораи мактаби шумо  аз куҷо маълумот мегиранд?

-Таблиғ. Мо дар радио, матбуот ва шабакаҳои телевизионии кишвар дар бораи мактаб эълонҳо чоп ва  пахш менамоем. Аммо бештар такя ба расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода дорем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари хонандагони болаёқат аз Турсунзодаанд, зеро дар ин ҷо литсеи тоҷикӣ- туркӣ фаъолият мекард ва муҳассилин заминаи хуби дониш доранд.Теъдоди хонандагони фаъолу боадаб аз шаҳри Ҳисор  низ дар мактаби мо афзоиш дорад.

Ба суҳбати мо ин дам ҷонишини директор оид ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ Б. Зокиров  ҳамроҳ шуда, дар бораи шавқи хонандагон ба илмҳои риёзӣ ҷавоб мегӯяд:

-Имрӯз дар баробари илм техника ва технология дар ҷаҳон бо суръат пеш рафта истодааст. Аз ин ҷиҳат хонандагони мактаб  низ мехоҳанд, ки ҳамқадами замон бошанд ва технологияи навро аз худ кунанд. Дар мактаби мо 3 кабинети фаннӣ бо таҷҳизоти муосир таъминанд. Китобхонаи электронӣ ҳам дорем, ки дар он тамоми китобҳои фаннӣ ҷойгир карда шудааст. Хонандагони  мактаб дар  дарсҳо аз планшетҳо истифода мебаранд. Имрӯз мо мехоҳем, ки дар арсаи байналмилалӣ хонандагони  мактаб соҳиби медалҳо шаванд.

-Албатта, сатҳи дониши хонандагон дар як зина нест.  Ба андешаи равоншиносон баъзе хонандагоне ҳастанд, ки майнаи сарашон дер рушд мекунад. Чӣ гуна ин гуна нафаронро б а хонандагони сафи пеш баробар мекунед? Ҳамчунин, чӣ бояд кард, ки сатҳи азхудкунии  хонанадагон бештар карда шавад?

-Мо ҳаракат карда истодаем, барномаҳои таълимие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба хонандагон пурра  омӯзонида шавад. Агар хонандае, ки барномаи таълимии пешбинишударо аз сидқи дил аз худ кунад, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад. Аз ин лиҳоз, мо ҳангоми таълим аз тамоми лавозимоти фаннии мавҷуда истифода мебарем. Мутахассисоне, ки дар мактаби мо кор мекунанд, ҳамаашон тавассути озмун қабул шудаанд ва пурра зери назорати маъмурияти мактаб қарор доранд.

Дуруст, ки ҳамаи хонандагон қобилияти баробари азхудкунии дониш надоранд.  Бинобар ин, мо хонанандагони сустхонро ба хонандагони аълохон вобаста мекунем. Дар ин самт роҳбарони синф, муаллимони фаннӣ низ кор мекунанд.  Роҳҳои дигарро низ ҷорӣ кардаем.

-Чӣ гуна роҳҳоро?

— Ин ҳавасмандкунӣ миёни хонандагон аст. Дар ҳар як чорабиниҳо мо ба хонандагони болаёқат ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд тақдим мекунем. Ҳамчунин, ба падару модароне, ки дар таълиму тарбияи фарзондагон саҳми арзанда мегиранд, ба онҳо дар  маҷлиси падару модарон дар назди  хонандагон сипосномаи маъмурияти мактабро месупорем. Омӯзгоронро низ дар чорабиниҳо ва ҷамъомадҳо бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мекунем. Масалан, вақте ки хонандаи як муаллими мактаб аз  фанни математика  дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойи 2-юм ва дар олимпиадаи  байналмилалӣ дар шаҳри Қазоқистон ҷойи 3-юмро гирифт,  ӯ  сазовори унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» гардид.  Умуман, ҳамагӣ 4 нафар аз фанни математика аз мактаби мо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

-Таълим дар мактаби президентии Ҳисор аз дигар мактаб ва литсейҳои  президентӣ бо чӣ фарқ мекунад?

— Муаллим ба хонанда дастрас аст. Бинои хобгоҳи муаллимон, ки дар шафати мактаб ҷойгир аст, ҳар вакте хонанда хоҳад, назди муаллим рафта,  дарсашро мепурсад. Албатта, ин ба таълим мусоидати калон мекунад. Хонандагони мо озоданд,  ба онҳо  имконият додаем, ки дар вақтҳои холигӣ реҷаи муайяншуда бо устодон кор кунанд.

Ҳамчунин, соати 7:30-и пагоҳирӯзӣ машқҳои омӯзиши забонҳо шурӯъ мешавад. То  оғози дарсҳои фаннӣ аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ  хонандагон 5 калима  азёд мекунанд. Муаллимон инро ҳар саҳар аз хонандагони синфҳои 5 то 11- и мактаб мепурсанд. Агар дар як сол 270 рӯзи таълимӣ бошад, тасаввур кунед, ки хонандагони мо имконияти то 2350 калимаро азёд кардан доранд.

Маълумотнома

Шокирҷон Гадоев, соли 1962 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, филолог ва иқтисодчӣ. Донанандаи забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ. Солҳои зиёд дар Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат ба ҳайси роҳбар ва 8 соли охир дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон кору фаъолият дошт. Муддати як сол мешавад, ки директори Мактаби президентӣ дар шаҳри Ҳисорро бар зимма дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *