Кордзании ду авлоди тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Тюмен ҷанги ду авлод тамоми расонаҳои хабариро нигарон намуд.

Мӯсозода Расул, як шаҳрванди тоҷиктабори Русия ба хабарнигори «Тоҷикистон таймс» иттилоъ дод, ки ҷанги ду авлод бегоҳи 9-уми сентябр ба амал омадааст. Писарони Шарифбой ном марди ваҳдатӣ ду писари Акрамдовудро лату кӯб намуда, ба Русия фирор кардаанд. Сабаби моҷарои ду авлод талоқи Шоҳинаи 22- сола будааст. Писарони Акрамдовуд Маҷидов лату кӯби бародарашонро бе ҷавоб нагузошта, майдонталабона ба бародарони Шоҳина занг мезананд. Ҳамин тавр моҷарои талоқ бо кордзанӣ дар байни ду авлод анҷом ёфта, дар натиҷа се тан аз авлоди Шарифбой Маҳкамов бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона афтидаанд. Табибон дар ҷисми зарардидагон захмҳои зиёди кордро пайдо намуда дар ин бора ба мақомот хабар додаанд. Намояндагони Маҳкамов иддао доранд, ки ин корро ҳамин хел намонда, қасди талоқи духтари 22-солаашонро аз собиқ домодашон Саидбек меситонанд. Ду авлод ҳатто баъди кордзанӣ ва хунрезӣ низ ором нагирифта, ба ҳамдигар таҳдид карда истодаанд, вале мо аминем, ки мақомот таноби ҳарду тарафро кашида, гунаҳкоронро ҷазои сазовор медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *