Малика Елизавета бе тайёра мемонад
Маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II ҳавопаймоҳои шахсии худро аз даст медиҳад ва минбаъд аз ҳавопаймои сарвазир истифода хоҳад кард. Дар ин бора нашрияи Mail Online менависад. «Ҳавопаймоҳое, ки оилаи малика аз солҳои 1980 истифода мекарданд, аз соли оянда ба нерӯҳои ҳавоӣ дода мешавад ва малика бори аввал дар давраи ҳукмронии худ бе ҳавопаймои шахсӣ хоҳад буд», менависад рӯзнома. Таъкид мешавад, ки ин тасмим ба далели коҳиши хароҷот барои мудофиа гирифта шудааст. Ба оилаи маликаи Британия чор ҳавопаймои BAE-146 ва чархболи AW-109 хизмат мерасонанд, ки чархбол минбаъд низ дар ихтиёри малика хоҳад монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ