«Мама Роза”-и тоҷик бо се «шабпарак”-аш дастгир шуд

Мақомоти пулиси Русия дар шараки Муринои вилояти Ленинград фаъолияти як фоҳишахонаи махфиро ошкор ва 4 занро дар ин ҷо дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, се зани танфурӯш ва «Мама Роза”-и онҳо ҳама аз Тоҷикистон буда, пули фоида аз кор ин фоҳишахона ба ҷайби як марди зодаи минтақаи Қафқоз мерафт.

Нашрияи «47news бо такя ба манобеи худ дар пулиси вилояти Ленинград хабар дод, ки маъмурони пулис шаби 15 декабр фаъолияти як фоҳишахонаи махфиро дар кӯчаи Авиаторы Балтики дар шаҳраки Мурино дар канори шаҳри Санкт-Петербург ошкор кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, баъди дарёфти иттилоъ дар бораи вуҷуди чунин як фоҳишахона дар шаҳраки Мурино шоми ҷумъа ду афсари пулис худро муштарӣ вонамуд карда, дари як манзили машкук дар кӯчаи Авиаторы Балтикиро занг задаанд. Дарро ба рӯи онҳо маъмури 47-солаи ин «даргоҳ” бо номи Лола кушодааст.

Афсарони пулис гуфтаанд, ки онҳоро иштиёқи ишқбозӣ бо духтарони шарқӣ ба инҷо овардааст. Лола худро «Мама Роза”-и ин фоҳишахона муаррифӣ карда, бе ягон ибо гуфтааст, ки нархи хидмати онҳо барои ҳар соати алоқаи маҳрамона 1400 рубл аст. Афсарони пулис 2800 рублеро, ки қаблан дар шӯъбаи пулис аксбардорӣ шуда буд, ба дасти Лола доданд ва ӯ се занеро, ки он шаб пироҳанҳои «сексӣ” дар тан барои хидмат ба муштариён омода буданд, пешкаши ин ду «муштарӣ” кардааст.

Аммо ин «шаби ишқ” дар ҳамин ҷо қатъ шуд. Афсарони пулис асноди худро нишон дода, «Мама Роза”-ро бо ҳар се «шабпарак”-аш дастгир карданд. Маълум шудааст, ки ҳам Лола ва ҳам он се зани танфурӯш аз Тоҷикистон будаанд.

Ҳамин тавр, дар он манзил як марди ҷавони зодаи минтақаи Қафқозро дастгир кардаанд, ки бовар меравад, фоидаи асосӣ аз фаъолияти ин фоҳишахона ба ҷайби ӯ мерехт.

Маъмурони пулис аз ин фоҳишахона, ки Лола ба иҷора гирифта буд, миқдори зиёди презервативҳои наву алакай истифодашуда ва варақаҳои таблиғотиеро, ки мардумро ба чашидани «ишқи духтарони шарқӣ” даъват мекард, пайдо кардаанд.

Дар Русия танфурӯшӣ қонунан ҷиноят ҳисоб намешавад. Аз ин рӯ, ба зидди се танфурӯши дастгиршуда танҳо бар асоси моддаи 6.11-и Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми «машғул шудан ба танфурӯшӣ” протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҳарсеро ба маблағи 2 ҳазор рублӣ ҷарима бастаанд. Шефи қафқозии онҳо низ зоҳиран бо ҷарима ё ҳадди аксар 15 рӯзи ҳабс халос мехӯрад, чунки ба зидди вай бар асоси моддаи 6.2-и Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ бо иттиҳоми гирифтани фоида аз танфурӯшӣ парвандаи маъмурӣ оғоз кардаанд.

Вале ба зидди Лола парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, чунки моддаи 241-уми Кодекси ҷиноятии Русия ташкили фоҳишахонаро ҷиноят мешуморад ва барояш ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҷомиашиносон мегӯянд, дар пайи фавҷи муҳоҷироне, ки миллионҳо нафар аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба ҷустуҷӯи кор худро ба Русия задаанд, ҳазорон зани танфурӯш низ дар ҷустуҷӯи муштариёни хушпултар аз ин кишварҳо рӯ ба Русия овардаанд. Аксари ин муҳоҷирон бидуни ҳамсарони худ ба муҳоҷират мераванд ва ба ин далел дар атрофи онҳо дар шаҳрҳои мухталифи Русия алакай як «секс-индустрия”-и бузурге ба миён омадааст, ки аз ҳисоби «хидмат”-и шаҳвонӣ ба муҳоҷирон миллионҳо доллар даромад ба даст меорад.​

Дар гузашта чанд мавриди бо хушунат аз Русия пеш кардани занони гумонбар ба танфурӯшӣ аз сӯи худи ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла маҷбуран тарошидани мӯи сари ин занон мушоҳида шуда буд. Дар Интернет чанд видео ҳам нашр шуд, ки дар он мардони тоҷик занони ҳамватани худро ба танфурӯшӣ айбдор карда, мӯи онҳоро қайчӣ мезаданд.

Вале ҷомиашиносон мегӯянд, бо чунин бархӯрди хушунатомез наметавон ба ҳалли решаии ин мушкил даст ёфт. Бовар меравад, ки як сабаби аслие ки занони тоҷикро ба танфурӯшӣ тела медиҳад, фақру бенавоӣ ва мушкилоти дигари рӯзгор аст. Ба ақидаи ҷомиашиносон, танҳо дар сурати ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум метавон занони ночор ба танфурӯширо аз ин роҳ баргардонд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин авохир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи июни соли 2014 алайҳи танфурӯшон амалиёти густурдае анҷом дод, ки танҳо тайи 3 рӯзи аввалаш ва танҳо дар пойтахт беш аз 500 танфурӯш дастгир шуданд. Дар соли 2015 парлумони Тоҷикистон ҷазои танфурӯширо шадидтар ва барои онҳо аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ кард. То ҳол занони танфурӯш дар Тоҷикистон баъди боздошт маъмулан танҳо бо ҷарима халос мехӯрданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *