Майкл Ҷордан сарватмандтарин варзишгари дунё

Бинобар иттилои хабаргузории INTERFAX.RU, баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордани 54-сола дар рӯйхати 25 варзишгари бойтарини ҳамаи давру замон аз рӯи ривояти маҷаллаи Forbes мақоми аввалро касб намудааст.

Бар асоси рейтинг ё феҳристе, ки дар сомонаи маҷаллаи Forbes нашр шудааст, Майкл Ҷордан дар тамоми карйераи худ $1,85 млрд фоида дидааст.

Майкл Ҷордан ин бозигари  Ассотсиатсияи миллии баскетбол (NBA) дар дастаҳои «Чикаго Буллз» (1984−1993, 1995−1998), «Вашингтон Уизардс» (2001−2003) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ ғолиби шашкаратаи NBA мебошад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби ИМА Ҷордан ду бор (1984, 1992) чемпиони олимпӣ гардидааст.

Ба сегонаи варзишгарони бойтарин аз рӯи ривояти Forbes ба ҷуз Ҷордан ҳамватанҳои ӯ голфбозон Тайгер Вудс ($1,7 млрд) ва Арнолд Палмер ($1,4 млрд) дохил шудаанд.

Дар байни футболбозон собиқ бозигари мунтахаби Англия Дэвид Бекҳэм бо $800 млн бойтарин мебошад. Ӯ ва баскетболбози амрикоӣ Коби Брайант дар рейтинг ҷойи ҳафтумро ишғол кардаанд.

Криштиану Роналдуи португалӣ, ки чанд рӯз пеш бори панҷум барандаи «Тӯби тиллоӣ» гардид, дар рейтинг дар ҷойгоҳи 12-ум ($725 млн) қарор дорад. Лионел Мессии аргентинӣ, ки инчунин панҷ бор «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овардааст, мақоми 16-умро соҳиб шудааст ($600 млн).

Коршиносони маҷалла тамоми даромади варзишгаронро (маош, подош ва ҷоизаҳо, инчунин даромад аз қарордодҳои таблиғотӣ) бо назардошти таворруми пул аз рӯи ҳолати то 1-уми июни соли 2017 қиёс кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *