Мамадбоқир Мамадбоқиров дар Хоруғ кушта шуд

Дирӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич кушта шудааст.

Дар ин бора ба «Ховар» аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хобар додаанд.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардидааст.

Мамадбоқирови 59-сола афсари пешини неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва полковники мустаъфӣ буд. Исми ӯ ахиран дар робита бо эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи парвандаи мақомоти ҳифзи қонун ёд мешуд. Аз ҷумла, рӯзи 17-уми май дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Алим Шерзамонов ва Улфатхонум Мамадшоева чун “созмондиҳандагони эътирози 16-уми май дар Хоруғ” ёд шуданд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сафи неруҳои мухолифин ҷангида, баъдан созишномаи сулҳро пазируфт. Бар асоси саҳмияи 30-дарсадӣ ба раҳбарии посгоҳи марзии Мурғоб пардохт ва то солҳои аввали 2000-ум дар ин мақом кор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *