Кардиологи варзида боз ба Бемористони Ибни Сино меояд

Рӯзи 26-уми май доктор Амирҳусайн Алдубонии Сомӣ ба Бемористони Ибни Сино сафари кории навбатӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои маъмурияти бемористони мазкур, доктор Сомӣ кардиолог-интервенcионист, яке аз беҳтарин мутахассисони бемористон ба шумор меравад ва дар ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг таҷрибаи ғанӣ дорад.

— Афроде, ки аз бемориҳои гуногуни дил, ба монанди бемории ишемикии дил (ИБС), бемории даричаҳои дил, бемориҳои модарзодии дил, бемориҳои қалбии кӯдакон, бемории меъдачаҳои дил ва диабети қанд азият мекашанд, метавонанд аз хизматрасониҳои мутахассиси варзида истифода баранд. Шумо метавонед пешакӣ худ ё наздиконатонро барои қабули мутахассис номнавис кунед ва дар вақти бароятон муносиб ба ҳузури доктор ҳозир шавед,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.