Ман рост мегӯям ё занам: имрӯз барф меборад?

Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар пойтахти кишвар  рӯзҳои 16-17 ноябр бориши борон бо гузариш ба барфи тар ва дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд.

Тибқи пешгӯии обу ҳавошиносон ду рӯз дар саросари кишвар обуҳавои ноустувор, боришот, дар водиҳо боридани борон ба гузариш ба барфи тар ва дар кӯҳҳо боридани барф дар назар аст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар баъзе ноҳияҳо баъзан тормеғ (туман) фаромада,  ҳарорати рӯзона 10-12 дараҷа поин меравад.

Шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 10-15м/с дар назар буда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво 5-7 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *