Прокуратураи генералии ҶТ Диловарро аз маҳбаси Русия озод кард

Диловар Ҷӯраев,  шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дархости мақомоти Қирғизистон дар Русия дастгир шуда буд,  16-уми ноябр аз боздошт раҳо шуд. Вале Ҷӯраев дар суҳбат гуфтааст, ки  прокуратураи Русия ӯро «бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист» озод намудааст.

Диловар Ҷӯраевро 8-уми ноябр дар шаҳри Новосибирск дастгир карданд. Ӯ шаш моҳ боз мавриди пайгарди Қирғизистон буд ва мақомоти ин кишвар мехоҳанд, Русия ӯро барои муҳокима ба Қирғизистон супорад. Бо ин дархост, ӯро чанд бор дар Русия барои бозпурсӣ муддати кӯтоҳе боздошт карданд.

Прокуратураи генералии  Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Диловар Ҷӯраеви 52-сола баъди муроҷиати онҳо ба Прокуратураи генералии  Русия озод шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *