Манъи ҷудоиталабӣ. Масъулияти нави волидон дар Тоҷикистон (аудио)
Волидайн дар Тоҷикистон аз ин ба баъд муваззафанд, ки нагузоранд фарзандонашон ҷудоиталабӣ ё сепаратизмро ёд бигиранд. Ин нукта дар тағйирот ба Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар» зикр шудааст.
Онро парлумон моҳи октябр ва раисҷумҳур дар охири моҳи декабри соли 2022 пазируфт. Қонуни нав аз аввали имсол ба иҷро даромад.
Бино ба он, аз волидон талаб шудааст, ки ба фарзандон тамошои филмҳои дорои мазмуни ҷудоихоҳиро манъ кунанд.
Пештар дар ин банд танҳо пешгирӣ аз тамошои филмҳои шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва ифротгароиву террористӣ зикр шуда буд. Инчунин, аз волидон талаб шудааст, то фарзандони худро аз мутолиаи варақа ва рӯзномаҳое боздоранд, ки хусусияти ҷудоихоҳӣ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ