Шинос шавед: Манита Кумари, сухангӯи Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Хонум Манита котиби дуюм оид ба масъалаҳои сиёсат ва равобит бо воситаҳоии ахбори оммаи Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин, ӯ дипломати мансабдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон аст. Аз моҳи январи соли 2019 фаъолияти кории худро дар Сафорат оғоз кардааст. Қабл аз ин, вай дар сафорати Ҳиндустон дар Маскав ва дар қароргоҳи вазорат дар Деҳлӣ кор мекард. Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, ҳиндӣ ва одиа мебошад.

ТААССУРОТИ МАНИТА КУМАРИ ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН:

“Ду сол аст, ки ман дар Тоҷикистон кор мекунам. Пеш аз омадан ба ин ҷо, ман дар бораи робитаҳои муштараки фарҳангиву таърихӣ, шабеҳияти фарҳанги ҳинду тоҷик ва зебоии Тоҷикистон бисёр хонда ва шунида будам. Зебоии Тоҷикистон касро бо дилфиребиву чашмрабоиаш мафтуну шайдо мекунад, ҳавои беолоиш, оби тозаву ширин, меваю сабзавоти тару тозааш касро водор месозад, ки ба ин макон ошиқ шавад.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон муштаракот ва шабеҳияти зиёд доранд, аз ҷумла, забонҳои ин ду халқият аст. Вожаҳое чун «Муҳаббат», «Ситора» ва «Зиндагӣ», ки ин рӯйхат идома дорад, дар забони мо ҳам маъмул аст. Анъанаҳои мардумӣ ва ҳунарии мо низ ба ҳам шабеҳанд. Хуллас, фарҳанги ҳамарӯзаи мо ба ҳамдигар монандии зиёд дорад.

Маҳз арзишҳои муштарак ва пайвандҳои қалб аст, ки бо вуҷуди набудани иртиботи мустақими роҳи заминӣ байни мо, ду кишвар ҳамкориро идома медиҳанд ва муносибатҳои худро дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон — таълим, омӯзиш, сохтмон, тандурустӣ, фазо, технологияи инноватсионӣ, фарҳанг ва ғайра густариш медиҳанд. Ин далели он аст, ки ҳар сол зиёда аз 225 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҳиндустон дар курсҳои гуногун, аз қабили ITEC ва ICCR таҳсил менамоянд ва тақрибан 1500 нафар донишҷӯёни ҳинду дар Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *