ДДФСТ дар замони пандемия донишҷӯи хориҷӣ ҳам қабул кард

Имрӯз, 11 феврал нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оид ба ҷаъбасти соли 2020 доир гардид.

Дар нишасти мазкур таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд, ки тибқи маълумоти масъулин дар ҳоли ҳозир дар донишкада 86 нафар донишҷӯён аз хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба иттилои ректор Муҳриддин Низомӣ дар соли таҳсили 20-21 ба донишкада аз Ӯзбекистон 30 нафар ва 1 нафар аз Афқонистон дохил шуданд.
Инчунин дар мавриди Қурбони Собир, яке аз беҳтарин актёрони кишвар сухан рафта, аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар соли сипаришуда ҳунарманд дар озмуни “Муаллими беҳтарини сол” ғолиб омад. Ва илова бар ин, дар соли 2020 ба гирифтани унвони илмии профессорӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии панзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *