Боздошти ронандаи фирорӣ дар Душанбе

Кормандони мақомоти милитсия ронандае, ки ҷавони 19-соларо зада, фирор карда буд, дасгир карданд.  

 Тавре маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад,  9-уми феврали соли ҷорӣ тахминан соати 22:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 1441 РР 01, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Гипрозем аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, як нафар ҷавонпсари 19-солаи пойтахтро зада, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд.

“Дар натиҷаи пешбурди корҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Юнусов Билолиддин Зубайдуллоевич санаи таваллудаш 13. 01. 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Борбад мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”,- мегӯяд манбаъ.

Зимни пурсиш номбурда аз кирдори содир намудаи худ изҳори пушаймонӣ намуда, иброз дошт, ки дар ҳиқиқат санаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

 Ҳоло ҷавонписари ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад.  Нисбати ронанда Юнусов Билолиддин таҳқиқ ҷараён дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *