Манижа Ахмедова роҳбари нави радиои «Азия плюс» таъин шуд

Раҳбарияти радиои мустақили «Азия плюс» дар Тоҷикистон нав шуд. Манижа Ахмедова, хабарнигори ин радио айни замон раҳбар таъин шуда, дар ин мақом Парвона Аҳрориро иваз кард. Парвона Аҳрорӣ аз соли 2006-ум ба ин ҷониб раҳбарии ин радиоро бар дӯш дошт.

Манижа Ахмедова гуфтааст, аз рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ӯ роҳбарии ин радиоро бар дӯш гирифт. Хонум Ахмедова то ин замон ба ҳайси муҳаррири барномаҳои радио фаъолият дошт.

Радиои мустақили «Азия плюс», ки аз соли 2003-ум ба кор шурӯъ кардааст, бештар барномаҳои тафреҳӣ ва бахшҳои кӯтоҳи хабарӣ пахш мекунад. То ин замон бештари барномаҳо бо забони русӣ пахш мешуданд. Манижа Ахмедова, раҳбари тозатаъини ин радио мегӯяд, дар ояндаи наздик тағйирот дар сиёсати пахши барномаҳои ин радио сурат хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *