Дарро задем, девор кафид? (Аудио)

Ба вазири адлияи ҶТ Рустами Шоҳмурод

Чунин тарзи тадқиқ як усули маъмулӣ дар рӯзноманигори касбист.

Мавзӯи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон ба як масъалаи ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст, ки метавонад ба генофонди  миллат таъсири бузурги манфӣ расонад. Дар мамлакатҳои мусалмонӣ, билхоса дар Тоҷикистон, никоҳ байни ду ҷавони бо ҳам хеш амри маъмулист.

Ба ин хотир қонун дар бораи як иқдом хеле муҳим ва санавиштсоз барои миллати тоҷик аст. Оё ин қонун дар амал ба пуррагӣ иҷро  мешавад?

 Барои таҳқиқи  ин мавзӯъ журналисти ҳафтаномаи «Тоҷикистон»  аз худ арӯс орост ва пайи ин мавзӯъ шуд. Натиҷаи ин таҳқиқ дар ҳаҷми 2 саҳифаи ҳафтанома ( «Ташвишу ташхиси пеш аз тӯй.  Хунмакӣ дар Қарияи Боло ва пулканӣ дар хонаи ақди никоҳ”, «Тоҷикистон», №2, 10. 01.2018) чоп  шуд. Шумо хонандаи азиз  фикр мекунед, ки ин мақола вокунише дар сохторҳои мутасаддӣ ба миён овард? Албатта, не. Чун ҳамеша дарро задем, девор кафид. Худсафедкунӣ амали маъмулии мутасаддиёни ин сохтор аст. Посухе, ки вориди идораи мо гашт, аз ҳамин ҷумла аст. Вале кӣ ҳам посух мегӯяд? Сохторҳои болоии ин мақом дар чӣ андеша ҳастанд? Лабҳои онҳо ба ҳам дӯхтааст. Инак, вокуниш аз тарафи САҲШ-и шаҳрӣ, ки мо онро зери танқид гирифта будем:

 

«Ташвишу ташхиси пеш аз тӯй.  Хунмакӣ дар Қарияи Боло ва пулканӣ дар хонаи ақди никоҳ”, «Тоҷикистон», №2, 10. 01.2018      

Ташвишу ташхиси пеш аз арӯсӣ Хунмакӣ дар Қарияи Боло ва пулканӣ дар САҲШ

 Нахуст аз роҳбарияти идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» изҳори сипос менамоем, ки ба мавзӯи доғи рӯз даст задаанд.

Дарвоқеъ, тӯйи хонадоршавӣ ва ҳар гуна маърака ташвишу такудавҳои зиёде дорад. Аз ин рӯ, ба ду идора — мақомоти тандурустӣ ва Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) рафтани арӯсу домод ин як талаботи қонуниву расмиест, ки ҳар нафаре онро бояд ба ҷой биёрад.

Қобили тазаккур аст, ки ҳама хароҷоте, ки барои пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти хонаи ақди никоҳ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 тасдиқ гаштааст, дар дохили бинои хонаи ақди никоҳ дар тахта бо ҳарфҳои калон навишта шуда, овезон аст. Мусаллам аст, ки мизоҷон то муроҷиат ва ё баъди муроҷиат ба кормандони хонаи ақди никоҳ нархҳои гуфтаи хизматрасониро бо ин навиштаҷот муқоиса мекунанд.

Тибқи моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арӯсу домод муносибати хешутабории онҳоро пурсидан аз тарафи кормандон ин танҳо иҷрои вазифаи хизматии онҳо аст, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки баъд аз қабули тағйиру илова ба Кодекси оила оид ба манъ будани никоҳи хешутаборӣ, кормандони мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз никоҳшавандагон хешу табор будан ё набудани онҳоро пурсон мешаванд.

Журналист ин ҷо суол мегузорад, ки муайян кардани қаробати хешутабории хонадоршавандагон тибқи қонунгузорӣ бар дӯши кист?

Ҳақ бар ҷониби ӯст, чунки муайян кардани хешутаборӣ ин кори як мутахассиси хонаи ақди никоҳ набуда, барои ташхиси он воқеан лаборатория ва ё пажӯҳиши дақиқ лозим аст. Вале кормандони идораи хонаи ақди никоҳ ба ҷуз сабту қайди никоҳ дигар салоҳияте надоранд.

Бояд қайд намоям, ки байни корманду шаҳрванд оиди маблағи боҷи давлатӣ ва хизматрасонӣ нофаҳмӣ ба миён омадааст. Зеро шаҳрванд дар мақола қайд намудааст, ки ӯ бояд 147 сомонӣ супорад. Маблағи 147 сомонӣ бо чунин тарз тақсим карда мешавад:

-10 сомонӣ пули шаҳодатномаи никоҳ;

-2, 50 д барои бланкаи намунаи ариза;

-2,50 д барои пур кардани ариза;

-25 сомонӣ барои гузаронидани ақди никоҳ дар идораи хонаи ақди никоҳ;

-50 сомонӣ барои дар тарабхона ё хона гузаронидани ақди никоҳ дар идораи хонаи ақди никоҳ;

-25 сомонӣ барои хизматрасониҳои суратгир;

-25 сомонӣ барои бо мусиқӣ таъмин намудан;

-7 сомонӣ барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо.

Парвина Асадуллозода,

мудири шуъба – Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе

Аз муаллиф: Ба мақолаи мазкур тибқи қонунгузорӣ бояд Вазорати адлияи ҷумҳурӣ вокуниш мекард. Зимни нишасти матбуотӣ вазири адлия Рустами Шоҳмурод ба эроди хабарнигори “Тоҷикистон” дар бобати яктарафа вокуниш зоҳир кардан ба мақолаи номбурда ваъда дод, ки интиқоди матлабро амиқ  омӯхта, посухи мукаммал хоҳанд дод. Аммо ба идора вокуниши  мудири шуъба – Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе Парвина Асадуллозода, ки фаъолияти кории ин ниҳод танқид мешуд, расид. Роҳбари ниҳоди мазкур, ки мавриди танқид қарор гирифтааст, чӣ тавр “дӯғи худро турш” мегӯяд? Вокуниши Парвина Асадуллозода ба ҳамин мақоли халқӣ шабоҳат дорад ва масъулон нисбати оне, ки дар САҲШ аз мардум пул меситонанд, ҳеҷ гуна чорае барои пешгирии чунин амал  наандешидааст.  Масъулон дар ҷавобия қайд намудаанд, ки 147 сомонӣ барои кадом хизматҳо сарф мешавад.  Мисол, барои пуркунии ариза пул мегирифанд. Мо шоҳид гаштем, ки ҳамаи аризаро  домодшавандаю арӯсшавандаҳо пур мекарданд. Мо низ аризаамонро худ пур кардем, пас 2 сомонию 50 дирам барои чӣ ба кормандони САҲШ дода мешавад?! 50 сомонӣ барои дар тарабхона ё хона гузаронидани ақди никоҳ, ки онро  мо даъват накарда будем, ҳисоб шудааст.  25 сомонӣ барои суратгир, ки умуман ба мо лозим набуд, барои мо суратгири шахсӣ басандагӣ мекард ва якчанд намуди хизматрасониҳое, ки дар боло қайд шудааст.

Ғайр аз ин, дар вокуниш омадааст, ки мо боҷи давлатиро ба маблағи 90 сомонӣ ба БДАТ «Амонатбонк» бояд месупурдем ва ин маблағи 147 сомониро ба дасти худи аризақабулкунанда месупурдем. Агар ин маблағҳои барои хизматрасонӣ бошад, пас 90 сомонӣ барои чӣ ситонида мешавад? Сониян, вобаста ба ҳамин масъала вазири адлия Рустам Шоҳмурод қайд намуда буд: «Ҳар маблағе бе тариқи бонк гирифта мешавад, ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад».

Пасон аризақабулкунанда  сабаби 147 сомонӣ аз мо гирифтанашро барои бо сабабҳои узрнок тағйир додани рӯзи тӯй гуфта буд, на барои хизматрасониҳо. Дар ҳоле ки барои тағйир додани рӯзи тӯй мувофиқи қонун ҳеҷ гуна маблағ пешбинӣ нашудааст.

Масъалаи дигаре, ки дар вокуниш  оварда шудааст, ин муайянкунии хешутабории арӯсшавандаю домодшаванда мебошад. Агар дар ташхисгоҳ хешутабории никоҳшавандаҳоро напурсанд, дар САҲШ ҳуҷҷат талаб накунанд, пас инро кадом сохтор муқаррар менамояд?

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиали Тоҷикистон дар мавриди тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва тарзи бақайдгирии ҳолати асноди шаҳрвандӣ гуфт, ки хешутабор будан ё набудани никоҳшавандаҳоро ҷамоати маҳали зисти никоҳшавандаҳо бояд муайян кунад. Масъулони САҲШ уҳдадоранд маълумотнома аз маҳали зисти никоҳшавандаҳоро талаб намоянд. Ва агар масъулон ғайр аз ин амал кунанд, дар назди қонун ҷавобгаранд. Инчунин, номбурда зикр намуд, ки дар ҳолати бо ягон роҳ никоҳ намудани хешутабор никоҳшавандаҳо ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *