Манижаи Сангин дар филм нақш мебозад?
Ҳафтаи сипаришуда Манижаи Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия, ки баъди ширкат дар озмуни мусиқии умумиҷаҳонии “Евровидение” дар байни дилбохтагони савту наво шуҳрату маҳбубияти беандоза пайдо кардааст, бо хабарнигорон мулоқот намуд.
Маъмулан шахсиятҳои шинохтаву машҳур, махсусан ситораҳои эстрада бисёр мағрур ва худпарасту ҳавобаланд мешаванд, вале аз лаҳзаҳои аввали суҳбат аён буд, ки Манижаи Сангин як инсони заминию самимӣ буда, дили амсоли қалби кӯдакон поку беғаш дорад. Манижа хотираҳояшро аз овони кӯдакӣ ва зиндагиаш дар шаҳри Душанбе ёдоварӣ намуда, гуфт: “Душанбе дар хотири ман чун як шаҳри офтобӣ нақш бастааст, аз ҳамин хотир барномаи консертиамро дар Ватани аҷдодиам “Шаҳри офтоб” (Город солнца) номгузорӣ намудам”.
Манижа бо як эҳсосоти хеле гарм ва пур аз меҳру муҳаббати кӯдакона дар бораи давраҳои зиндагиаш дар Тоҷикистон қисса карда, чӣ тавр то намози шом ҳамроҳи дӯстону дугонаҳояш дар кӯча давутоз кардан ва чӣ қадар зебову сарсабз будани кӯчаҳои шаҳри Душанберо ёдоварӣ намуд ва дар охири нақли пурмуҳаббаташ аз вайрон шудани бинои хонае, ки даврони кӯдакиаш он ҷо гузашта буд, хеле афсӯс хӯрд…
Хабарнигорон назари Манижаи Сангинро ба мусиқии муосири эстрадии тоҷик донистанӣ шуда, ҳамчунин пурсон шуданд, ки оё омода аст бо шабнами Сурайё дуэт сароянд. Дар посух ба ин савол Манижа гуфт: “Мусиқии эстрадии тоҷик ба ман хеле писанд аст. Шабнами Сурайёро низ ҳамчун овозхон дӯст медорам ва ҳурмату эҳтиром мекунам. Чандин сол аст, ки Шабнами Сурайё рӯйи саҳнаи ҳунар ҳунарнамоӣ мекунад ва хеле овозхони муваффақ низ ҳаст. Чаро не, агар пешниҳод шавад, ки ҳамроҳи шабнами Сурайё тарона бихонем, ҳатман қабул мекунам!”.
Дар идомаи суҳбат Манижаи Сангин гуфт, ки аз байни ҳунармандони тоҷик ба ӯ санъати Парвин Юсуфӣ ва Сафармуҳаммад писанд аст, зеро ин ду нафар мусиқии суннатии тоҷикро хеле моҳирона бо мусиқии муосир пайваст мекунанд.
Ҳамзамон, Манижа иқрор шуд, ки ба шаҳри Тошкент барои нақш офаридан дар як филм сафар намудааст. Ин чӣ филм аст, овозхон нагуфт, танҳо иқрор шуд, ки нақши яке аз шоираҳои классикро мебозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ