Мансабхоҳон аз молу мулки худ ҳисобот медиҳанд

Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза  бар зидди коррупсия»  тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи он минбаъд довталабони вазифаҳо ва мансабҳои давлатӣ ҳангоми ишғоли вазифаҳо дар мақомоти давлатӣ муваззафанд, ки  эъломия оид ба  даромад ва вазъи молу мулк пешниҳод намоянд.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  дар доираи нақшаи чорабиниҳои  татбиқи Стратегияи  муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2013 -2020  таҳия гардидааст.

Тавре директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа  Давлатов ҳангоми тавзеҳи масъалаи мазкур дар Парлумони мамлакат гуфт, ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» коҳиш додани хавфи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти   давлатӣ мебошад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *