Эрон Сурияро тарконд

     Субҳи рӯзи гузашта мушакҳои ҳавоии Эрон, макони тераристонро дар Сурия зери ҳадаф қарор дод.
Эрон дар ин ҳамла бо истифодаи чанд мушаки баллистики замин ба замин аз Кирмоншоҳ, макони террористҳои кишвари Сурияро тарконид. Шабакаи телевизионии Press TV хабар медиҳад, ки Эрон , терористони дар Аҳвоз амали терористи анҷом дода буданд, мушакборон кард.
Нерӯҳои ҳавоии Эрон субҳи рӯзи Душанбе ба қаламрави Сурия ҳамла намуданд. Тибқи иттилои расонаҳо, дар натиҷа ҳамла қисми зиёди террористоне, ки рӯзи 22 сентябр дар Аҳвоз амали террористӣ анҷом доданд, нобуд карда шудунд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 22 сентябр ҳангоми режа (парад)-и низомӣ дар Аҳвоз шахсони номаълум аз паси саҳна ба тарафи мардум тирандозӣ карданд.  Тибқи маълумот дар ин амали террористӣ 28 нафар аз ҷумла сарбозони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ҷони худро аз даст доданд. Инчунин наздик ба 60 нафар иштироккунандагони режаи низомӣ захми шуданд.
Ин ҳодисаро гурӯҳи “Ҳаракати ватанпарастони демократии арабӣ дар Аҳвоз”, ки бо Арабистони Саудӣ робита дорад бар ӯҳда гирифт.
Баъд аз амали террористӣ дар Эрон 22 нафар дастгир шуд.
Роҳбари олии Эрон Алӣ Хоманеӣ гуфт, ки дар ин амали террористӣ “лӯхтакҳои амрикоӣ” даст доранд, ки мехоҳанд вазъи кишварро ноором созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *