Мансаби духтари президент дар ҳукумат
Яке аз ду духтари президенти Ӯзбекистон масъули ислоҳоти низоми таълимоти томактабӣ дар вазорати тозатаъсисе таъин шуд. Духтари 31-солаи президенти Ӯзбекистон Шаҳноза Умарова дар вазорати таълимоти томактабӣ — як сохторе, ки охири моҳи сентябр таъсис ёфт, вазифа гирифт.
«Озодлик» — бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки Шаҳноза Умарова аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тошканд мебошад ва пеш аз шурӯи кор дар вазорат, дар Кореяи Ҷанубӣ кору зиндагӣ кардааст. Модари се фарзанд ва ҳамсари муҳофизи шахсии Мирзиёев Отабек Умаров аст. Домоди дигари Мирзиёев дар мақоми масъули корҳои хоҷагӣ дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ кор мекунад.
«Озодлик» мегӯянд, ки дар ҷараёни як мулоқоташ бо кормандони вазорати нави таълимоти томактабии Ӯзбекистон рӯзи 18 декабр Шавкат Мирзиёв ба кормандон гуфтааст, ки бояд низоми маорифи кӯдакони хурдсол дар Ӯзбекистон ислоҳ шавад. Ба унвони намунаи кор кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълими як кишвари муҳими ҳамкори Ӯзбекистон – Кореяи Ҷанубӣ ситоиш шудааст.
Мирзиёев гуфтааст, ки «муассисаҳои томактабӣ бояд пешрафт кунанд, дар кишвар боғчаҳои хусусӣ иҷозат дода шаванд ва дар амри амалисозии ин идея системаи таълимии Кореяи Ҷанубӣ метавонад татбиқ шавад». Бо ин ки Шаҳноза Умарова ба унвони коршиноси ин соҳа дар вазорат ба кор шурӯъ кардааст, вазифаи мушаххаси духтари президент дар ин сохтор феълан маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ