Турсуной Зокирова  сари 200 ятимро сила кард

24. 12. 2017 роҳбари ташкилояти ҷамъиятии “Бунёди шафқати Турсуной Зокирова”, ғолиби озмуни “Битва экстрасенсов” Турсуной Зокирова барои беш аз 200-нафар кӯдакони ятиму нимятим ва нуқсони ҷисмонидошта дастурхон ва барномаи солинавӣ орост.  Кӯдакон ва як гурӯҳ омӯзгорону волидон аз ҷамоату деҳоти шаҳраки Адрасмон, Консой, Чорухдарон, Сирдарё ва шаҳри Бӯстон  дар тӯйхонаи “Манижа” ҷамъ омада, рӯҳия ва тӯҳфаҳои идонаро соҳиб шуданд.  Аз 200-нафар кӯдакони ҷамъомада  10 нафарашонро кӯдакони маъюб, 28 нафарашонро ятимони кул ва боқимонда 162 нафари дигарро нимятимон (ё аз модар маҳрум ё аз падар) ташкил медод. Инчунин 200 нафар кӯдакони маъюбе, ки имконияти дар чорабинӣ иштирок карданро надоштанд дар хонаҳояшон аёдат карда шуда, аз  тӯҳфаҳои солинавии Турсуной Зокирова бенасиб намонданд.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                    Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *