Бехатарӣ дар Арчаи солинавӣ

 

Дар арафаи Соли нави мелодӣ  кормандони СХДО ВКД баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооту муассисаҳо ва ҷойҳои оммаҷамъшавӣ, ки Арчаи солинавӣ гузошта мешаванд, фаъолияти хешро густурда мекунанд.

Барои он, ки дар чунин рӯзҳои хурсанди ҳодисаҳои нохуш рух надиҳад, бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.

Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали патдор (адёл)-ро омода кардан шарт аст. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.

Дар муассисаҳои таълимие, ки қувваи барқ аз рӯи меъёр дода мешавад, Иди арчаро мебояд фақат рӯзона гузаронанд. Арчаро дар байни толор дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинонда, онро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан, бо шамъ чароғон кардан манъ аст.

Атрофи поя ва шохчаҳои арчаро бо пахтаи ба моеи зиддисӯхтор коркарднашуда печонидан, ба он бозичаҳои пахтагин овехтан ва намаки бертолетӣ пошидан манъ аст. Кори чароғонкунии арчаро ба воситаи трансформатори шиддатпасткунанда, ки шиддаташ аз 24 волт зиёд нест, чароғон кардан лозим аст. Дар сурати истифода бурдани қувваи барқи шиддаташ 220 волт бояд танҳо аз шилшилаҳои фабрикӣ истифода бурд, зеро шилшилаҳои худсохт аксар вақт сабабгори сар задани сӯхтор мегарданд. Дар вақти гузаронидани  Иди Арча бояд тамоми дарҳои баромад кушода, дар назди ҳар яки онҳо навбатдорон истанд. Дар дохили бино даргирондани шамъҳои банголӣ, магний, мушак ва дигар маводҳои пиротехникии тарканда истифода бурдан қатъиян манъ аст. Пӯшидани либосҳои пахтагӣ, коғазӣ, докагӣ ва аз дигар матоъҳои зуддаргиранда дуруст нест.

Ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» (аз телефонҳои мобилӣ «101»), ба хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Кароматулло Абдуллоев,

Толиб Хаётов,

кормандони

СХДО ВКД ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *