Манзили дастрас -2 “Пул додаму дарди сар харидам”… (Видео)

Дар шумораи 18-уми ҳафтанома мусоҳибаи хабарнигорамон бо директори КВД “Сохтмони манзили дастрас” Нур Наимов таҳти унвони “Манзили дастрас” иқдоми Рустами Эмомалӣ ва нигаронӣ аз кори ширкатҳои хусусии сохтмонӣ” ба табъ расид. Дар он аз сохтмони хушсифату сари вақт ба истифодадиҳии манзилҳои дастрас сухан мерафт. Мусоҳиба миёни хонандагон ва сокинони пойтахт нигаронӣ ба амал овард.  “КВД “Сохтмони манзили дастрас” солҳо боз мардумро фиреб карда истодааст, аммо роҳбари он табл мезанад, ки манзилҳоро сари вақт сохта, супурда истодаем. Агар ду мусоҳибаи дигар ба ин шакл нашр шавад, масъулини корхона шерак мешаванд”, — бармеояд аз муҳтавои умумии ин нигарониҳо.

Фиреби КВД “Сохтмони манзили дастрас” дар кадом корҳои сохтмончиён ба чашм мерасида бошад? “Шунидан кай бувад монанди дидан”- гӯён аз чанд бинои истиқоматии ба истифодаи мардумдодаи корхонаи мазкур дидан кардем. Кош намедидем…

КВД “Сохтмони манзили дастрас,” ки дар он нархи хонаҳо гӯё нисбат ба ширкатҳои хусусии сохтмон арзонтар аст ва барои аҳолии камбизоат (муаллимон, духтурон ва зиёиён) пешбинӣ шудааст, соли 2012 ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Тавре иттилоъ дода будем, корхона дар ин муддати кӯтоҳ 2 бинои 12-ошёнаро дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ бо масоҳати умумии квартираҳо 10601,52 м2 ва 2 бинои истиқоматии 9-ошёнаро дар маҳаллаи Муҳандиси ноҳияи Сино бо масоҳати умумии квартираҳо 6028,74 м2 сохта ва 2 бинои истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Ҳувайдуллоевро бо масоҳати умумии квартираҳо 6010,2 м2 мавриди истифода қарор додааст. Ин биноҳоро садҳо нафари муҳтоҷон харида, маскун шудаанд. Корхона 2 бинои 12-ошёна дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсиро дар як солу се моҳ сохта, бо нархҳои дастрас ба хоҳишмандон пешниҳод кардааст. Аз ҷиҳати шакл ва сохтмон хеле зебо ба чашм мерасанд. Аммо вақте аз наздик мебинед, ба бинои навсохт буданашон боварии кас намеояд. Фасади биноҳо дар ҳолати харобшавӣ қарор дорад. Агар шамоли сахте вазад ё ин ки борон борад, хаффакҳои таги  андова аз девор ҷудо гардида  ё нам гирифта мерезанд. Рангҳои  бино тамоман бесифатанду кафелҳо шикаста, ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Ҳатӯлкорони “Манзили дастрас” масолеҳи қуму сементро “эконом” карда, таги кафелҳои фасаду деворҳоро ковок мондаанд. Аз ин рӯ, кафелҳо шикаста рехта, фиребгарии сохтмончиёнро фош мекунанд.

 

Мушкилии дигар ин дастрасии сокинон бо оби ошомиданӣ мебошад: барои ду бинои 12 — ошёна ва ду бинои 13 — ошёна ҳамагӣ ду насос об насб кардаанд. Барои камхарҷ шудани маблағи об ба насоси ду бинои 13- ошёна, ки асосан он аз ин ширкати сохмонӣ нест, ин  ду бинои 12- ошёнаро ҳамроҳ намуданд, барои ҳамин об соатакӣ ба мардум интиқол мегардад.

Истиқоматкунандагони ин ду бино боз нигаронӣ  аз қувваи барқ доранд. — Ширкат барқи ин биноро бо “Горсвет” шартнома накардааст, ҳар як соҳибхона худ шартнома дорад. Насоси об 14 ё 16 ҳазор сомонӣ кор кардааст, аммо то ҳол ҳам “Манзили дастрас” бо “Водоканал” шартнома набастааст, обро барои мо аз рӯи соат медиҳанд. Бар замми ин, боз об бе филтр меояд, ҳатто рӯзе мешавад, ки бо об лой ва омехтаи партов меояд, — мегӯяд раиси бино Гулбаҳор Каримова. — Мо истиқоматкунандагон се бор мактуб навишта ба Ҳукумат равон кардем. Соли гузашта омаданду гуфтанд, ки чора мебинем, аммо то ҳол ягон беҳбудие нест.

Соҳибмулк Дилбар Мусофирова бошад мегӯяд:

— Аз ҳамон лаҳзае, ки хонаро харидам, тирезаи балкон шикаста буд, аммо кормандони сохтмон таъмир накарда рафтанд. Боз аз ман барои ҳамон тирезаи шикаста, ҳамчун квадрат ҳисоб карда, пул гирифтанд. Камбудиҳои бинокорон зиёданд. Дар назди бино майдончаи варзишӣ нест. Фарзандонамон барои бозӣ ба назди дигар биноҳо мераванд ва бо дигар бачаҳо ҷанҷол мешавад.

Соҳибмулк Шоира Зоирова забони шиква кушод:

-Ман барои анҷомҳои нолозимамро дар ҷое гузоштан як қисми таҳхонаро харидам. Аз харидаам пушаймонам, барои он ки таҳхона як ҷойи хушк надорад. Канахонаю қурбоққахона шудааст таҳхона. Рӯзе нест, ки қубурҳои оби таҳхона накафад, қариб ҳар рӯз об мекашем. Намедонем, ки чӣ хел қубурҳоро насб кардаанд?

 Боз аз суҳбат бо истиқоматкунандаи бинои мазкур ошкор гардид, ки КВД “Сохтмони манзили дастрас” барои мизоҷонаш ба муҳлати 10 сол кафолати таъмири атрофи биноро дода будааст. Дар аввали кушодашавии бино, яъне моҳи марти соли 2014 барои ин бино 4 насоси обтаъминкунӣ — ду  насоси оби гарм ва дуи дигар оби нӯшокӣ ҷудо карданӣ буд. Аммо аз инҳо дар айни замон ҳамагӣ дутоаш кор мекунад. Дар зимистон ягон маротиба оби гарм сар дода нашудааст.

 

Айнан  чунин камбудиҳоро дар 2 бинои истиқоматии 9-ошёна дар маҳаллаи Муҳандиси ноҳияи Сино мушоҳида намудем.  Сохтмони ин бино  соли 2014 ба итмом расонида шудааст. Аммо то ҳол бо камбудиҳо ва нуқсонҳои зиёд аз қабули комиссия нагузаштааст. Айни замон дар ин  биноҳо зиёда аз 90 оила зиндагӣ доранд ва ҳамаашон аз кори бесифати сохтмон норозианд. Зоҳири биноҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест, ҳатто кафелҳое, ки ба девор зада шудаанд, қабаташон ба пуррагӣ бо семент пур карда нашудааст. Ба деворҳои ин бино низ хаффак шинонда шудааст, ки  қариб ҳамаашон дар ҳолати резорез қарор дорад. Рангубори бино низ рехтааст, агар биноро аз наздик бинед, фикр мекунед, ки 10 сол пеш сохта шудааст.

Сабоҳат Авазова, истиқоматкунандаи бино, чунин изҳор намуд:

-Ман як метри квадратии хонаамро 520 доллар харидорӣ намудам, аммо аз сифати сохтмони хонаам қонеъ нестам. На тирезаи пластикааш дуруст асту на дараш. Аз чӣ сабаб бошад, ки  девори хона пупанак мезанад. Қубурҳои таҳхона тамоман бедоштанд, зуд-зуд мекафанд. Чор маротиба ариза навиштем, аммо то ҳол чорае намеандешанд.

 Хуллас, ҳар дуи иншооти зикргардидаро на бому на фасадаш, на таҳхонаю қубурҳояш ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Роҳбарони КВД “Сохтмони манзили дастрас”  ваъдаҳои хушку холӣ медиҳанд. Биное, ки арзону дастрасу ба зистан  ҷавобгӯ набошад, ба кӣ лозим аст? Чаро мардумро фиреб медиҳему гӯл мезанем?!

Эмомалӣ Назаров,

Бахтовар Сафаров,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *