Даргузашти Нигинаи Элокӣ

Нигинаи Элокӣ, як овозхони мардумии маъруф дар ноҳияи Файзобод ва атрофи он шоми 29 май аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷаноза ва дафни Нигинаи Элокӣ рӯзи 30 май дар зодгоҳаш – деҳаи Элок доир мешавад. Ин овозхон солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мекашид.

Хабари даргузашти Нигинаи Элокиро Сиёвуш Бердизода дар шабакаи Фейсбук нашр кард. Ӯ менависад: «Нигинаи Элокӣ, ки бо овози зебояш сурудшояш дар тамоми телефонҳои ҷавонон буд, ин шом аз олам чашм пӯшид. Шодравон бемории қанд дошт. Пагоҳ намози ҷанозааш дар Элок баргузор мешавад.”

Нигинаи Элокӣ аз қабили овозхонҳои мардумие буд, ки дар тӯю сӯри мардум хидмат мекунанд ва ба радиову телевизионҳои расмӣ кам роҳ меёбанд.

Нигинаи Элокӣ дар ноҳияи Файзобод ва атрофи он мухлисони зиёд дошт. Бисёриҳо ӯро давомдиҳандаи роҳи Нигинаи Рауф, як хонандаи машҳури зодаи Файзобод мешуморанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *