Манзили дастрас Иқдоми Рустами Эмомалӣ ва нигаронӣ аз кори ширкатҳои хусусии сохтмонӣ
Дар байни аҳолии шаҳри Душанбе гап-гапи «манзили дастрас» солҳои охир торафт бештар паҳн шуда, овозаро мемонад. «Фалонӣ шиносам аз манзили дастрас соҳиби хона шуд. Хонаи 1-ҳуҷрагӣ гирифт, ки масоҳаташ хеле калон. Аз он ду ҳуҷра сохта, сарпаноҳи доимӣ ёфт», -шунидам аз яке.
« Ҳамааш «ду понздаҳ як сӣ» гуфтан аст. Арзонтар мехарию боз 5-6 ҳазор доллар сарф карда, дару тирезаҳо, ваннаю унитаз, ноқилҳою печкаи барқӣ ва масолеҳи сохтмонии хишт, қум, ранг мехаред, ҳаққи меҳнати устоҳоро медиҳед. Хуллас, як умр ҳуҷраатро месозӣ. Беҳтараш, ки ҳамаи маблағро ҷамъ карда, хонаи тайёр бихаред», — гуфт дигаре.
Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас», ки директораш Нур Наимов мебошад, ба ин гапу калочаҳо хотима мегузорад. Зимни суҳбат нахуст пурсидам, ки КВД «Сохтмони манзили дастрас» кай ва ба кадом сабаб таъсис дода шудааст?
-КВД «Сохтмони манзили дастрас» соли 2012 бо иқдоми раиси онвақтаи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъсис дода шуд, — гуфт Н. Наимов. –Бисёр иқдоми инсондӯстона, ки ҳадафаш бо манзили истиқоматии арзонтар таъмин кардани сокинони миёнаҳолу камбизоати пойтахт мебошад. Мо дар зарфи беш аз 5 сол барои расидан ба ин ҳадаф талош варзида, муваффақ ҳам гардидем. Маъмурияти шаҳр ба фаъолияти корхона ҳамеша мусоидат карда, барои сохтмони биноҳо қитъаҳои замин ҷудо менамояд. Биноҳои сохтаро мо ба сокинони пойтахт, ки дар бунёди манзилҳои дастрас саҳм гузоштаанд, назар ба нархҳои бозор нисбатан арзонтар пешкаш менамоем.
— Корхона дар муддати фаъолияташ чанд адад манзили дастрасро сохта ба истифода додааст?
-Баъди як сол, яъне соли 2013, мо аввалин манзилҳои дастрасро дар 2 хонаи 9-ошёна ба саҳмгузорон дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Фирдавсӣ супурдем. Баъдан 2 бинои 9-ошёнаро дар маҳаллаи Муҳандиси микрорайони 91-уми ноҳияи Сино ва 2 бинои 12-ошёнаро дар кӯчаи Соҳилии Фирдавсӣ сохта ба истифода додем.
-Маълум аст, ки дар КВД «Сохтмони манзили дастрас» суръати кор аз сатҳи маблағгузории саҳмгузоронаш сахт вобастагӣ дорад. Имрӯз корхона ба сохтани манзилҳои дастраси баландошёна ва бисёрҳуҷра даст задааст. Қоматафрозии босуръати ин биноҳо мардумро ба ҳайрат овардааст…
— Комилан дуруст зикр кардед. Имрӯз дар ноҳияи Сино (шафати Филармонияи давлатииТо ҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев) бинои истиқоматии иборат аз 10 блокро сохта истодаем. 3 блокаш 18-ошёна ва 7 блоки дигараш 16-ошёна буда, пурра ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мегардад. Агар саҳмгузорон маблағҳои шартномавиро сари вақт пардохт намоянд, сохтмонро тезтару хушсифат ба охир хоҳем расонд.
-Имтиёзҳое, ки шумо барои саҳмгузорон муқаррар намудаед, ширкатҳои сохтмонии хусусӣ низ доранд. Масалан, онҳо манзилро барои саҳмгузор чордевор карда, арзонтар мефурӯшанд ва пешниҳод мекунанд, ки дар сурати муҳайё кардани масолеҳи сохтмонии боқимонда коргарони онҳо дару деворҳои дохилӣ, воситаҳои коммуналӣ ва барқкунонии манзилашонро ройгон сохта медиҳанд. КВД «Сохтмони манзили дастрас» ҳам чунин хизмати ройгон мерасонад?
— Ин овоза буда, барои пайдо кардани саҳмгузорон аст. Корхонаҳои хусусӣ, то ин ки бештар фоида ба даст оранд, масоҳати ҳуҷраҳоро тангтар месозанд. Корхонаи мо бошад, тибқи арзиши аслӣ хона месозад. Мо подъездро пурра месозем, ҳуҷраро бо дару сутунҳои асосӣ ва тирезаҳои берунӣ таъмин мекунем. Мо ба манзили онҳо хатҳои барқ, обрасон ва канализатсияро мерасонем, вале андоваю рангубори дохилиро худи соҳибхонаҳо бояд иҷро кунанд. Васли таҷҳизоти ваннаю сантехникаро тибқи шартнома коргарони мо ба сомон мерасонанд. Саҳмгузорон бояд бо корхонаи мо шартнома банданд ва 50%-и арзиши манзили интихобкардаашонро пардохт намоянд. Маблағи боқимондаро пас аз анҷоми сохмон мепардозанд.
-Болоравии нархҳои масолеҳи сохтмонӣ ба арзиши манзили дастрас таъсир намерасонад?
— Мардум барои 80 фисади хонаҳо саҳмгузорӣ кардаанд. Аммо бо сабаби болоравии нархҳои масолеҳи сохтмон дар се-чор соли охир дар бозор мо аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии САНИИОСП хоҳиш намудаем, ки харҷномаи имрӯзаи бозорро аз сари нав ҳисоб карда, маблағи аслии сохтмонро аниқтар бозҳисобӣ кунад.
— Пас аз ин арзиши 1 метри мукааби манзили дастрас тағйир меёбад?
— Он қадар не, ба ҳисоби миёна 300 доллар мемонад. Аммо нархи манзилро худи корхона муайян намекунад. Ин корро минбаъд шуъбаи нархгузорӣ, ки чанде пеш дар шаҳрдорӣ кушодаанд, ба зимма гирифтааст.
-Манзили дастрас қарзи андозашро, ки Кумитаи андоз ба ҳаҷми 7,6 млн. сомонӣ ошкор карда буд, пардохт кардааст?
-Мо барои ҳалли ин масъала тадбирҳо андешидем. Суди иқтисодии шаҳри Душанбе қарори Кумитаи андозро дар ин хусус бекор кард.
— Ҳадафи таъсиси Шӯрои нозирон дар назди корхона чист?
-Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вазъи корхонаро омӯхта, қарор қабул кард, ки Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас»- таъсис дода шавад. Ба ҳайати Шӯро таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд намояндагони Хадамоти зиддинҳисорӣ, Раёсати сохтмони асосии шаҳр, ҶСП «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии САНИИОСП» ва чор нафар саҳмгузор шомиланд. Шӯро ҳар рӯзи шанбе машварат ороста, вазъи сохтмонро баррасӣ мекунад. Баъзе шаҳрвандон маблағхояшонро пас гирифта истодаанд, ба ҷойи онҳо хоҳишмандони дигар омада шартнома мебанданд. Барои пешрафти кор масъалаи маблағ мушкилот эҷод намудааст. Шаҳрдорӣ саҳм гирифтааст, ки барои корхона маблағи муайян пайдо мекунад. Кор, ки афзоиш ёфт, маблағро пас мегардонем.
Суҳбаторо Эмоми НАЗАРИЁН,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ