Озодии баён танқид, тарки журналистон, плюрализм ё тобеи қонун

 3-юми май дар ҷаҳон Рӯзи озодии баён ё Рӯзи матбуоти озод эътироф шудааст, ки ҳарсол таҷлил карда мешавад. Ин санаро соли 1993 Маҷмааи умумии СММ бо ибтикори ЮНЕСКО расман сабт карда буд. Ба ин муносибат хостем назари бархе аз рӯзноманигоронро доир ба вазъи озодии баён ва матбуоти озод дар Тоҷикистон пурсон шавем.

Абдусаттор Нуралиев, профессор:  

— Озодии сухан воситаи озодона дар пеши мардум ақидаҳои худро баён намудан ба таври расмӣ ва ё муқаррарӣ ба шумор меравад.   Дар моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзан маҳдудияти озодии сухан муқаррар карда шудааст. Дар замони демократикунонии ҷомеа бе мавҷудияти озодии сухан тасаввур кардани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд имконнопазир аст, зеро дар давлати демократии ҳуқуқбунёд ҳар як узви ҷомеа метавонад фикри худро дошта бошад ва онро пайгирӣ намояд, ин ҳам бошад плюрализм (бисёрандешагӣ) аст, ки ин яке аз принсипҳои давлати демократист.  Истиқлолияти ҷумҳуриамон  имкон дод, ки дар ҷамъият муҳити мусоиде ба вуҷуд ояд, то ки ҳар як шаҳрванди кишвар озодона бе таҳдид ва аз ҳар ақида озод фикр ронда тавонад. Ҳар инсон дар ҷомеа оид ба ин ё он мушкилот  фаҳмиши худро дорад, метавонад дар бораи моҳияти онҳо, ҷанбаҳои гуногун, роҳҳои ҳаллашон андешаҳои худро баён созад.

Фазлиддин Асозода, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж»:

-Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон муътадил аст. Агар андешаатон бо далелҳо иброз шавад, касе наметавонад ба шумо фишор орад, зеро қонунҳо ҳастанд ва ҳунари ҳар як нафар муҳим аст, ки аз онҳо чӣ гуна истифода мебарад. Барои ин, бояд ҳар нафар пеш аз ҳама, дар бораи қонунҳо тасаввуроти хуб дошта бошад. Воқеан, озодӣ нисбист. Баҳои дақиқ додан ба хосияти он имкон надорад. Набояд аз истилоҳи «озодӣ» суиистифода шавад. Ҷоизу шоиста нест, ки озодии як нафар ба маҳдуд шудани озодии шахси дигар оварда расонад. Барои ҳамин, «озодӣ» гуфта, берун аз доираи қонун ва хусусан одамгарӣ пой берун мондан ҳам хуб нест. Яъне, озодӣ вуҷуд дорад, аммо бояд дуруст фаҳмида шавад.

Наргис Усмонова, мудири кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ:

-Мувофиқи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди кишвар ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма тарғиб намояд. Мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки озодии баёнро дар танқид кардан мебинанд. Вале дар натиҷа танқид ба таҳқир мубаддал мегардад. Дар журналистика таҳқир мумкин нест. Албатта, таҳқир паҳлуҳои дигари ахлоқию ҳуқуқӣ дорад. Озодии сухан аз назорати идеологии давлат озод будани ҳар кас, имконияти ошкоро (хаттӣ, шифоҳӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма) баён кардани фикри худро оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамеа ва фаъолияти давлат дар назар дорад. Дар моддаи 30-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”.

Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»:

-Чунин саволро чанд сол қабл дар доираи мусоҳибаам бо сафири собиқи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд дода будам. Номбурда посух дода буд, ки «дар Тоҷикистон озодии сухан бо тамоми қирраю паҳлуҳояш вуҷуд дорад». Мавҷудияти ҳафтаномаву маҷаллаҳои зиёд ва омилҳои дигарро ҷаноби Ҳоугленд барои тақвияти ин андеша истифода намуда буд. Нодида набояд гирифт, ки барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи ВАО  шароити мусоид фароҳам аст. Аз ин рӯ, ҳамасола теъдоди рӯзномаю маҷаллаҳо ва корхонаҳои нашриётӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳоданд. Чанд сол қабл Созмони «Журналистони бидуни марз» тадқиқоти худро дар робита ба вазъи озодии баён нашр карда буд, ки дар асоси баҳогузории ин созмон Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён ҳатто аз  Россия пеш гузаштааст. Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ аз Тоҷикистон ақиб монда, мутобиқан дар ҷойҳои 160, 164 ва 177-ум буданд. Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва байналмилалӣ барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои давлатӣ ва мустақил ягон монеа эҷод накардааст. Баҳсҳои ҷудогонае, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, дар тамоми давлатҳои демократӣ роиҷ мебошад. Аз тарки Ватан намудани як идда журналистон низ фоҷиа сохтан мантиқан нодуруст аст. Аввалан, ин нафаронро пайгирии хостаҳояшон ба хориҷа бурдааст, ки дар ҷаҳони имрӯза падидаи маъмул маҳсуб мешавад. Як идддаро хоҷаҳояшон ба истилоҳ «ротатсия» намуданд ва онҳо дар дигар макон ҳамон «рисолат»-и хешро иҷро хоҳанд кард. Қисмати сеюми ин қабил журналистон бо «роҳнамоӣ»-и ташкилоту созмонҳои ҳавасманд ба хориҷа рафтаанд… Мушкили асосӣ дар шароити кунунӣ набудани ҳамдилӣ миёни аҳли қалам маҳсуб мешавад. Мо бояд мардона аз комёбиҳои ҳамкасбонамон,  сарфи назар аз он ки дар кадом намуди ВАО ифои вазифа доранд, хурсанд шавем, дар рӯзҳои мушкил паҳлуи ҳамдигар бошем.

ВАО-и Тоҷикистон дар рақамҳо

Тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 371 рӯзнома (109 адад давлатӣ ва 262 адад ғайридавлатӣ), 243 маҷалла (113 адад давлатӣ ва 130 адад ғайридавлатӣ), 71 нашриёт (10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ), 11 оҷонсиҳои иттилоотӣ (1 адад оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 адад ғайридавлатӣ) фаъолият доранд.

Бахтовар  Сафаров,

 «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *