Марҳилаҳои фаъолияти ректори ҷавони навтаъини ДДМИТ

Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори навтаъини Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 36 сол дошта, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мебошад.

То омадан ба ҷойи Шукрулло Хайрзода, ректори собиқ муовинии ӯро оид ба таълим бар зимма дошт. Ректори навтаъин муаллифи 4 китоби соҳаи бонкдорӣ ва беш аз 25 мақолаи илмӣ дар самти иқтисодиёт мебошад.

Ҳакимбек Абдуалимзода зодаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон буда, соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси андоз ва андозбандӣ бо дипломи аъло хатм намудаст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2006 дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон оғоз намудааст. То соли 2011 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият доштааст. Номбурда 17-уми ноябри соли 2012 рисолаи номзадиро дар самти бонкдорӣ ҳимоя намудааст.

Солҳои 2014-2018 дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои 2018-2020 дар вазифаи декани факултети молия ва қарзи ҳамин донишгоҳ фаъолият дошт.

Аз 14-уми январи соли 2020 ба ҳайси муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 2022 таҳти №40 Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шуд. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *