Ҳадиса ҚУРБОНОВА, Шоири халқии Тоҷикистон

Зиндагинома. 17-уми феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯраки Сарихосори вилояти Хатлон дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст. Қисмат Ҳадисаро, ки аз падару модар ятим монда буд, ба хонаи ятимони Сарихосор меорад. Ёдҳо, орзуҳо, ормонҳо ва билохира дилбастагӣ ба адабиёт Ҳадисаро соли 1958 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оварду соли 1963 онро бо сари баланд ба итмом расонид.

Фаъолият. Дар нашриёти «Ирфон» дар шуъбаи адабиёти бачаҳо ба кор шуруъ намуда, масъулияти баланд ва чашмикордонӣ ин бонуи ҳунарро зина ба зина боло мебарад. Аз соли 1967 то соли 1969 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», аз соли 1969 то 1973 дар Кумитаи давлатии назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб фаъолият доштааст. Аз соли 1973 то соли 1988 дар нашриёти «Адиб» фаъолияти босамар дошт. Айни замон бознишаста ва машғули кори эҷодист.

Эҷодиёт. Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, муаллифи китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғ. мебошад. Силсилаи очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғҳои шаҳдрез» (1983), «Теғи одамкуш» (Маскав, 2008), «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд, 2013) ба табъ расидаанд. Дар соҳаи драматургия низ қувваозмоӣ кардааст. Ба тарҷумаи бадеӣ сарукор дошта, навиштаҷоти А. Белевич «Дарду ғами Хатин», китоби шеърҳои С. Мавлонов «Арчаи сурх», шеърҳои алоҳидаи Махдумқулӣ, С. Капутикян, шоираҳои ӯзбек Зулфия ва Гулчеҳра, ҳикояҳо дар бораи Сухэ-Батор ва шеърҳои алоҳидаи шоирони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардонидааст. Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инчунин дар Афғонистон, Эрон, Чехославакия, Арабистон ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.

Қадршиносӣ. Соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Соли 2003 барои китоби «Лоиқ намеояд дигар» ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст. Дорандаи нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *