«Марҳамат, ба палави Панҷакент !»

Бори аввал дар шаҳри Панҷакент ҷашнвораи «Оши Палав” якҷо бо ҷашнвораи «Лаззати Панҷакент” бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар баробари роҳбарону меҳмонони дохилӣ, ҳамзамон даҳҳо сайёҳони хориҷӣ дар ин чорабинии фарҳангӣ ширкат намуда, аз ҳунару аъанаҳои мардуми тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

Дар фестивали «Оши Палав”, ки чанд сол ба ин сӯ доир мегардад, зиёда аз 10 нафар ошпашҳо аз гӯшаву канори Панҷакент дар он ширкат намуда, малакаи ошпазии хешро ба ҳозирин ва ҳайати ҳакамон нишон доданд.

Фестивали «Лаззати Панҷакент” бошад барои аввалин бор бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Ҳунармандони шаҳру деҳоти Панҷакент бо маҳсули дастони хеш ва 14 ширкатҳои сайёҳӣ дар ин чорабини ҳузур доштанд.

Раиси шаҳри Панҷакент бо ҳайати ҳамроҳонаш бо дастовардҳои ҳунармандон шинос шуд. Даҳҳо ҷаҳонгардон дар назди ҳунармандони Панҷакентшаҳр, ки маҳсули дасти хешро ба маърази тамошо бароварда буданд, аксбардориву тамошо мекарданд. Баробари мардуми маҳаллӣ аз оши тоҷики тановул ва дар назди дегу оташдон, дар даст табақҳои ош аксбардорӣ мекарданд.

Ҳайати ҳакамон пас аз тановулу шинос шудан бо рафти кори ошпазҳо беҳтарин ошпазро муайян намуданд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва раиси бахши сайёҳии вилояти Суғд, ғолибон ва ширкаткунандагони Фестивали «оши палав”-ро қадрдонӣ намуданд. Ҷои аввал ба маблағи 500 сомонӣ, ҷои дуюм 300 ва ҷои сеюм бо 200 сомонӣ маблағи пулӣ сарфароз ва ширкаткунандагон ба миқдори 150 сомонӣ ба ҳар кадоме қадрдонӣ шуданд.

Барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ҳамчунин як барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Панҷакент, кумитаи сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризм дар водии Зарафшон” баргузор гардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *