Маъракаи интихоботи президентӣ оғоз шуд. Бердимуҳаммадов ҷойро холӣ карданист

Бино ба иттилои оҷонсии иттилоотии REGNUM, аз имрӯз, 14-уми феврал, дар Туркманистон маъракаи интихоботи президентӣ оғоз шуд. Ҳизбҳои сиёсӣ дар марҳилаи аввал бояд номзадҳои худро пешбарӣ кунанд.

Нафаре президенти Туркманистон интихоб шуда метавонад, ки дар ин кишвар таваллуд шуда, аз чилсола поин набошад ва забони давлатиро хуб донаду 15 соли охир дар ин давлат ба таври доимӣ кору зиндагӣ карда бошад.

— Айни замон дар кишвар се иттиҳодияи сиёсӣ — Ҳизби демократи Туркманистон, Ҳизби аграрии Туркманистон ва Ҳизби саноатчиёну соҳибкорони Туркманистон фаъолият мекунанд. Ҳангом пешбарии номзад ба мақоми президенти Туркманистон аз сӯйи гуруҳҳои шаҳрвандон, номзад бояд на камтар аз 10 000 имзои интихобкунандагонро доро бошад,- менависад РИА “Новости”.

Тавре ОИ REGNUM қаблан хабар дода буд, рӯзи 11-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои мардумии Туркманистон президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки 15 сол боз раҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад, эълом дошт, ки қасд дорад мақомашро ба як раҳбари ҷавонтар диҳад. Бердимуҳаммадов ният дорад аз мақоми раиси палатаи болоии парлумони Туркманистон канор равад.

Тибқи қарори Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон интихоботи президентӣ 12-уми марти соли 2022 таъин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *