Амонатбонк барои кишоварзон иқдоми навро роҳандозӣ кард

Амонатбонк то 500 000 сомонӣ ва то 50 000 доллар қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Кишоварз-2022” роҳандозӣ намудааст.

Тавре аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Pressa.tj иттлоъ доданд, «мақсад аз ин иқдом саҳмгузорӣ дар самти яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ мебошад. Маблағи қарз то 500 000 сомонӣ бо пули миллӣ ва то 50 000 бо доллари ИМА пешниҳод мешавад. Муҳлати қарз то 36 моҳ буда, ҳамзамон, дар давраи аввали пардохти қарзи асосӣ то 6 моҳ имтиёз дода мешавад».

Гуфта мешавад, ки меъёри фоиз 20% солона бо пули миллӣ ва 10% солона бо доллари ИМА аст.


Таъминнокӣ то 10 000 сомонӣ бе зомин, зиёда аз 10 000 сомонӣ то 30 000 сомонӣ бо зомин ва зиёда аз 30 000 то 500 000 сомонӣ бо гарави амволи манқул ва ғайриманқул пешбинӣ шудааст.

Иқдоми мазкур то 30-юми апрели соли 2022 амал мекунад.
Хоҳишмандон имкон доранд, ки барои гирифтани маълумоти бештар ба рақамҳои 1885, 44 600 04 87 занг зананд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *