Маъракаи зидди риш дар Намангони Ӯзбекистон
Ду соҳибкори ҷавоне, ки дар бозори деҳқони «Чорсӯ»-и шаҳри Намангони Ӯзбекистон ба тиҷорат машғуланд, мегӯянд, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ва нозирони андоз аз онҳо талаб доранд, ришашонро тарошанд.
Ба гуфтаи ин ду ҷавон, 22 сентябр шахсоне дар либоси мулкӣ ба бозори мазкур омада, худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ ва ҷавонону мардони ришдорро боздошт карданд. Пулиси шаҳрӣ ва вилоятии Намангон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.
«Бори нахуст худро нозири минтақавӣ муаррифӣ карданд. Ҳарчанд медонам, ки онҳо бегона буданд. Аз ман пурсиданд, ки чаро ришатро намегирӣ? Дар ҷавоб гуфтам, ки риштарошӣ дар Ислом ҳаром аст. Талош кардам ба онҳо фаҳмонам, ки ҳуқуқи маро ба озодии динӣ поймол мекунанд, вале ба гапҳоям эътибор надоданд. Хостанд, иҷборан ба шуъбаи пулис баранд, вале дар атроф одамони зиёде ҷамъ шуданд ва бинобар ин, коре карда натавонистанд ва ман ҳам ришамро натарошидам», — афзуд яке аз ҷавонон.
Рӯзҳои 23 ва 24 августи соли равон низ кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар яке аз калонтарин бозорҳои шаҳри Тошканд бо номи «Малика» даҳҳо марди ришдорро боздошт карда буданд. Боздоштшудаҳо танҳо пас аз тарошидани ришашон аз шуъбаи пулис озод шуданд.
Раёсати пулиси шаҳри Тошканд чанд рӯз дертар, бо нашри як изҳорот иҷборан тарошидани риши садҳо мардро шарҳ дод. «Дар иншооти алоҳида дурбинҳои назоратии чеҳрашинос насб шудаанд. Дар пойгоҳи иттилоот маълумоти шиносномаҳои биометрӣ шомил аст, ки дар он сокинон бе айнак, рӯймол ва риш акс гирифта шудаанд», — афзудааст Раёсати пулиси Тошканд.
Раёсат дар шарҳи боздоштҳои бозори «Малика» гуфтааст, дар бозори мазкур дар доираи як парвандаи марбут ба ҳолатҳои дуздии телефонҳо амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дошт. »Мутаассифона ин гуна ҳолатҳо ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Бархе аз сокинон новобаста аз шакли зоҳирияшон барои суҳбат даъват шуданд. Ҳарчанд бояд иқрор кард, ки шумори афроди ришдор дар бозор хеле зиёд аст», — омадааст дар изҳорот.
Як ҳамсуҳбати мо аз Намангон низ гуфт, кормандони пулис ҳангоми талаби тарошидани риш ба соҳибкорон айнан ҳамин сабабҳоро гуфта буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ