Тадқиқот: Марги Маҳмуди Воҳид тасодуфӣ набуд

Дар маҳфили навбатии «Гуфтугӯйи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов ин навбат асрори зиндагӣ ва марги мармузи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов мавриди муҳокима қарор гирифт…

ВАРАҚАИ ШАХСӢ: Маҳмудҷон Воҳидов — ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои тоҷик, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973 ), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1973). 10 октябри 1939 дар деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Хатмкардаи ГИТИС — Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва (1960), ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (1960-1961) ва Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1961-1977). Маҳорати эҷодии ӯ дар нақшҳои: Митя («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский, 1960), Незнамов («Гунаҳгорони бегуноҳ»-и А. Островский, 1962, 1974), Кассио («Отелло»-и У. Шекспир, 1963), Мотсарт («Фоҷиаҳои хурд»-и А. Пушкин, 1966), Бежан («Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ, 1970), Эзоп («Эзоп»-и Г. Фигейреду, 1971), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, 1973), Мамет («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳамадҷонов, 1974), Ясон («Медея»-и Еврипид, 1977) ва ғайра дар театр ва Шариф («Зумрад» 1961), Раҷаб («Ҳасани аробакаш» 1965), Қодиров («Ҷӯра Саркор» 1965), Тӯлод («Достони Рустам» (1971), Аҳмади Дониш («Ситорае дар тирашаб» 1972), Олим («Асрори гузаргоҳ» 1973) ва ғайра дар кино инъикос гардидааст.

Номбурда асосгузори театри манзуми як актёр аст ва офаридаҳои ӯ «Гуфтугӯ бо худ» (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967), «Ватан ва фарзандон» (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969), «Ишқи зиндагӣ» (аз рӯи ашъори Хофиз, 1971) шоҳкори санъати тоҷик ба ҳисоб мераванд. 

Маҳмудҷон Воҳидов дар айни камолот дар сафари эҷодӣ 12 ноябри соли 1977, дар шаҳри Бағдод вафот кард. То ба имрӯз асрори марги ҳунарманд маълум нест. 

Иброҳим УСМОНОВ, профессор: — Маҳмудҷон Воҳидов 80 сол қабл ба дунё омад ва 42 сол пеш аз олам даргузашт. Ӯ 40 сол ҳам зиндагӣ накард, аммо аз худ мероси бузурге боқӣ гузошт, ки имрӯз мо бо он ифтихор мекунем. Дар баробари нақшҳои марғуб дар театру кино Маҳмудҷон дар қалби мухлисон ҳамчун шеърхон ҷой гирифтааст. То ба имрӯз ҳунарманди дигаре дар хондани шеър ба Маҳмудҷон баробар нашудааст. Ин мактаб идома мехоҳад, зеро шеър ифтихори адабиёт ва мардуми тоҷик аст.

Зиндагии ӯ хеле рангин, вале марги ӯ фоҷиавӣ ба вуқӯъ пайваст… Гарчанде аз ин ҳодиса солҳо сипарӣ шуд, вале мардуми мо Маҳмудҷонро фаромӯш накардаанд ва ҳамоно дӯст медоранд.

Тӯрахон АҲМАДХОНОВ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон: -Маҳмудҷон Воҳидов аз ҳама ҷавонтарин шахси гурӯҳи мо буд ва сад афсӯс,  ки аз ҳама барвақт ба абадият пайваст. Соли 1955 мо 11 нафар ба ГИТИС шомил шудем ва то курси се гурӯҳи мо ба 20 нафар расид. Ана ҳамин нафари 20-ум Маҳмудҷон  буд. Ӯ ҳамчун ҳаваскори санъат дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик ширкат карда, шеър мехонад. Маҳорати ӯ ба масъулин писанд омада, ӯро якбора ба курси се шомил намуданд. Маҳмудҷон гарчанде дер омад, аммо бо талошу кӯшиш ва омӯзишҳояш зуд ба мо расид ва институтро бо дипломи сурх хатм намуд. Ӯ асрори санъат, нозукии ҳунар ва рисолати театрро хуб дарк намуда, корҳои шоистае ба сомон расонид. Нақшаҳои зиёде дошт, худораҳматӣ. Сад афсӯс, ки хеле барвақт рафт…

Ниёз МИРЗОЕВ, доктори илмҳои таърих, профессор: — Банда, худамро хушбахт ҳисоб мекунам, ки ҷавонии мо ба авҷи эҷодиёти  Маҳмудҷон ва ҳамкурсони беҳамтояш рост омад. Ман низ чун ҳама ҷавонони бедори солҳои 60-70 –и асри ХХ мухлиси театр, мухлиси Маҳмуди Воҳид будам. Худованд ба Маҳмудҷон се истеъдоди фавқулода дода буд: овози нодиру форам, истеъдоди фавқулодаи интихоби шеър ва сеюм ҳунари актёрӣ. Синтези ин се маҳорат ӯро дар Тоҷикистон ва қаламрави шӯравӣ машҳур кард. Ӯ яке аз нахустинҳо буд, ки дар мамлакати паҳновари советӣ «Театри як актёр» — театри шеърро асос гузошт. «Гуфтугӯ бо худ»-и ӯ тасвирнопазир аст. Саҳна торик, дар гӯшае фақат шамъ месӯзад, Маҳмудҷон низ бо либосҳои тира ба саҳна мебарояду муъҷиза оғоз мешавад… Шеъри Хайём ҳамаро мафтун мекунад. Ман дар театри «Сатира»-и Москва шоҳид будам, ки чӣ тавр тамошобини Маскав варианти русии ин спектаклро тамошо карда, ба ваҷд меомад…

Одил НОЗИР, журналист: -Маҳмудҷон Воҳидов бемуҳобот яке аз ситораҳои тобони санъати тоҷик аст. Мехостам аз устод Турахон Аҳмадхонов бипурсам, ки ҳунари Маҳмуди Воҳид чӣ вижагӣ дошт, ки ба дили мардум зуд роҳ ёфт?

Тӯрахон АҲМАДХОНОВ: — Вижагии ҳунари Маҳмудҷон дар шеърхонӣ ва интихоби шеър буд. Дар нақшофарӣ албатта, аз ӯ боқувваттарҳо ҳам буданд, вале дар шеърхонӣ ӯ ҳамто надорад. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба халтура роҳ намедод, меҳнат мекард. Ҳар як мисраъ ва ҳар як ишораву ҳаракаташ маънӣ дошт. Аз ҳама муҳим мақсади асосиро ба дили тамошобин расонида метавонист… 

Одил НОЗИР:  — Соли 2005 МТЖТ бо роҳбарии Хуршеди Атовуллоҳ дар мавриди Маҳмуди Воҳид як тадқиқоти муфассал гузаронида буданд. Оё имкон дорад, ки феълан ба натиҷаи тадқиқот ошно шавем?

Хуршеди АТОВУЛЛОҲ, раиси МТЖТ:  — Фишурдаи тадқиқоти мо бо номи  «Вақте дар Бағдод субҳ медамид» соли 2005 чоп шуд. Зимни тадқиқот ба мо муяссар шуд, ки бо онҳое, ки дар вопасин нафасҳо ҳамроҳи Маҳмудҷон Воҳидов буданд, ҳамсуҳбат шавем. Инҳо роҳбари  гурӯҳ Юсуфбеков, Ҷурабек Муродов ва Нуқра Раҳматова, ки атрофи номашон ҳарфҳои зиёде буд, прокурор Каримҷон Ҳасанов, навозанда Алмос Абдуллоев ва ғайра. Албатта, мо зимни тадиққот бисёр чизҳоро пайдо кардем, вале бо хоҳиши оилаи Маҳмудҷон ва тавсияи Иброҳим Усмонов аз нашри он худдорӣ намудем. Зеро маргу зиндагии ҳунарманд хеле печидаву мармуз аст. Ба мо муяссар шуд, ки дар мавриди мағзшуйии Маҳмудҷон аз ҷониби Англия факти ҷолиб пайдо кунем. Дар сафари Афғонистон мақомоти Британияи Кабир ба Маҳмуди Воҳид маблағ ваъда карда, ӯро ба гурехтан талқин мекунад, вале Холмурод Шарифов огоҳ шуда, ӯро наҷот медиҳад. Ҳатто писари Сотим Улуғзода — Азиз Улуғзода аз пайи ӯ буд… Прокурор Каримҷон Ҳасанов ба мо гуфтанд, ки қарор буд, парвандаи Маҳмудҷон баъди 20 сол ифшо шавад, аммо он баъди 8 сол аз архив ғайб зад…. Мо чизҳои зиёд пайдо кардаем, вале афсӯс ки ҳоло вақти расонаӣ кардани он нест. 

Одил НОЗИР: — Марги Маҳмуди Воҳид қатл буд ё тасодуф?

Хуршеди АТОВУЛЛОҲ: — Марги Маҳмудҷон тасодуфӣ набуд ва ба ин Алмос Абдуллоеви худораҳматӣ шоҳид буданд.

Абдулло ЮЛДОШЕВ, профессор: — Ман бар он ақидаам, ки марги Маҳмуди Воҳид тасодуф буд. Эшон шаби 7-8-и ноябр дар зиёфати сафорат, ки банда дар он ҷо фаъолият мекардам, ширкат намуданд. Баъди ин ба ҳуҷраашон рафта, аз балкон ба берун нигоҳ карданӣ мешаванд ва вазни худро ба панҷара мепартоянд, аммо он декоративӣ ва паст буд, эшон меафтанд. Рӯзе пеш аз маргашон ба дидорбинӣ рафтем. Убайдулло Раҷабов пайғом фиристода буданд, онро бурдем. Чеҳраашон хеле заҳир буд, дилашон об мекашид, аммо дар гирду атроф об пайдо накардем. Ҳамин тавр, аз кадом мағоза об ёфтем, он кас ҳамроҳашон гирифта, бо мо алвидоъ гуфта, рафтанд. Саҳар хабар шудем, ки ин фалокат рух додааст… Бинобар ин, шубҳае нест, ки Маҳмуди Воҳид тасодуфӣ сарозер шуд ва ба ин касе мусоидат накардааст.  

Хайрулло ҲАЙДАРОВ, полковники мустаъфӣ: — Нисбат ба даст доштани Ҷӯрабек Муродов ё Нуқра Раҳматова ба марги ҳунарманд чӣ назар доред?

Хуршеди АТОВУЛЛО: Албатта, мо ин овозаҳоро санҷидем. Маълум шуд, ки Ҷӯрабек Муродов ҳамон шаб аз хона берун набаромадааст ва ба ин шоҳидон ҳастанд.  Нуқра Раҳматова бошад, хабари марги Маҳмудҷонро дар тайёра мешунавад ва  ин тарс албатта, ба рӯҳу равонаш таъсир мерасонад. Дар мавриди афтидани Маҳмудҷон ҳангоми гузаштан аз болкон ҳарфи бепоя аст, зеро хобгоҳи занҳо дар ошёни дувум ва мардҳо ошёнаи 7-ум буд. Бинобар ин, овозаҳо бепоя ҳастанд. Ҷӯрабек Муродов ва Нуқра Раҳматова ба марги Маҳмуди Воҳид ҳеҷ алоқа надоранд.

Иброҳим УСМОНОВ: Атрофи номи бузургон ҳамеша ҳарфҳои ноҷо зиёд аст, мисле ки номи Ҷӯрабек Муродов ва Нуқра Раҳматова дар қазияи Маҳмудҷон садо медиҳад. Пас аз оне, ки Маҳмудҷон аз дунё даргузашт, Ҷӯрабек Муродов унвони Артисти халқии СССР-ро соҳиб шуд, ки ҳаққу ҳалолаш аст. Чун аз  вокали халқӣ Ҷӯрабек аввалин нафар аз Осиёи Миёна аст, ки ин унвонро гирифт, атрофи номаш ҳарфҳои зиёде пайдо шуданд…

Ҳамин тавр, дар мавриди марги маҳмуди Воҳид назарҳо мухталифанд ва ҳар кас мехоҳад ҳақиқати худро гӯяд. Ин табиист, зеро ҳақиқати аслӣ ҳанӯз ифшо нашудааст. Бинобар ин, мо бояд феълан ба ҳақиқати устуворшуда, ки марги тасодуфист, эътимод кунем… Муҳим он аст, ки номи Маҳмуди сухангӯй, кору пайкори ӯ, эҷоди вай зинда аст ва то ба ҳол моро ба андеша кардан водор мекунад. Ёдаш ба хайр…

Одил Нозир, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *