Мард занашро кушта баъд худро овехт
Як марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар заминаи рашк бо занаш муноқиша намуда, бо зарби 8 корд ӯро ба ҳалокаn мерасонад. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур 11-уми апрели соли 2020, тахминан соати 04:00 дар манзили истиқиматии номбурда рух дода, боиси аз ҳаёт маҳрум гардидани ду нафар гардид. Тибқи иттилои манбаъ, марди ба хашм омада дар аввал ҳамсари 41-солаашро кордборон карда, баъдан худро барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур кардан дар дохили манзили истиқоматиаш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ