Тақвими рӯз: Аз ҷавонтарин номзади илм то Рӯзи умумиҷаҳонии рок

13 апрели соли 1814 дар Донишгоҳи Гиссенс писарбачаи 13-сола Карл Витте унвони номзади илмҳои фалсафиро соҳиб гашт, ки дар илми ҷаҳонӣ ҷавонтарин олим маҳсуб меёбад.

Карл Витте кист?

Доктори илмҳои фалсафӣ, номзад дар китоби “Гиннес” Карл Витте 1 июни соли 1800 дар Лохау ба дунё омада, 6 марти соли 1883 дар Галле вафот кардааст.

Доимо падари Карл Витте ба аҳли оилаву атрофиён мегуфт, ки писари ман фаҳмиш, дониш, биниш ва истеъдоди ғайриодӣ дорад.  Карл Витте  дар синни 10-солагӣ бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва итолиявӣ хуб мехонду гап мезад. Ӯ дар 13-солагӣ унвони номзади илмои фалсафиро гирифт.

Соли 1810, яъне дар 10-солагияш Витте  Лейпциг имтиҳони дохилшавӣ ба мактаби олиро супурд ва ҳамон сол таҳсилро дар донишгоҳи Готтинген оғоз намуд. Дар ин ҷо вай дар тӯли чор сол илмҳои таърихӣ, филологӣ, математикӣ ва фалсафиро омӯхт.  Ҳамин тавр Карл Витте 10 апрели соли 1814 доктори илм дар Донишгоҳи Гиссенро гирифт.

13 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуданд.

Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии рок аст.

Имрӯз дар Тайланд Соли навро ҷашн мегиранд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–100-солагии зодрӯзи Михаил Голубов (1920-2006), олими соҳаи техника.

–115-солагии зодрӯзи Қурбон Муллоев (1905-2000), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистї.

 –105-солагии зодрӯзи Маҳмадназар Ҳотамов (1915-2007), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тољикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *