Марди тоҷик падараш, занаш, духтарчааш ва ҳамсояаашро болғакубу кордборон кардааст
Ҷиняткор аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, ба сари ӯ низ 4-5-маротиба бо болға задааст.
Тавре ВКД хабар медиҳад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 16-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонида, сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Баъдан, духтари хурдсоли 6-солаашро, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Сипас, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии истиқоматии онҳо омада буд, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ