Марг дар зери чархи мошин
Санаи 14-уми августи соли ҷорӣ ҷасади ҷавонзани 49-солаи тоҷик, ки зери автомобил монда, ҷон дода буд, ба беморхонаи марказии шаҳри Санкт-Петербург фиристода шуд. Номбурда Санавбар Алиёрова ном дошта, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Хатлон будааст. Санавбар дар охирин лаҳзаҳои ҳаёташ хоҳиш намудааст, ки фарзандонашро аз мактаби махсуси ба номи Лубченск гирифта ба Ватанаш, ба Тоҷикистон ба назди бобову бибиашон фиристанд. Санавбар Алиёрова соли 2010 аз шавҳараш Рашид Амонов ҷудо шуда, рӯ ба муҳоҷират оварда будааст. Ҷасади Санавбарро бо тайёра ба зодгоҳаш фиристоданд. Нашъаи ин тоҷикзани ормонӣ дар марзу буми авлодӣ ба хок супурда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ