Қубодиён: Кана якеро кушта, 9 нафари дигарро бистарӣ кард

Ҷавҳар Фармонови 25-сола, сокини деҳаи «Шоҳ-1», аз ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён баъди газидани канаи гов дар сари замини шолизор ба бемории вараҷаи хунин  (геморрогическая лихорадка) гирифтор шуда, дар беморхона фавтид.

Чорӣ Ҳимматов-раҳбари санэпидемстансияи ноҳия бо тасдиқи ин хабар ба “СССР”  гуфтааст, ки «мисли Фармонов баринҳо то 1000 нафар сокинони ин ҷамоат аз ҷои зисташон дар масофаи то 10-15 км дур заминҳои полезӣ доранд ва ҳатто то 10 рӯз ба хонаашон наомада, бо тарбузу шоликорӣ машғуланд. Ҳоло бошад 9 нафари дигар аз газидани канаи гов дар беморхонаи марказии ноҳия бистарианд ва зери назорати духтурон қарор доранд”.

Марги одам аз «лихорадка» дар қаламрави вилояти Хатлон бори аввал нест. Аз ин пеш, дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 2 нафар Фотима Қосимоваи 48-сола ва Сафархон Шарифови 17-сола дар шаҳри Кӯлоб Камолов Олими 17-сола ва Анӯшервони Ҷиёнхони 15-сола аз чунин беморӣ ҷон дода будаанд.

Миралӣ Сабзаев-сардухтури санэпидемстансияи шаҳри Қӯрғонтеппа барои шарҳи намудҳои канаи гов ва бо чӣ роҳ афзудани беморони «таби хунин»  ба Баҳодур Уроқов, хабарнигори “СССР” дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки «қариб аз 120 намуди кана 80 навъи он заҳрноканд. Заҳрноктаринаш «иксодовый клещ» аст, ки баъд аз газидан 5 рӯз ҳарорати бадан баланд шуда, деворҳои раги хунро сӯрох мекунад ва олам хун мепартояд. Таби хунин, бемории вазнини вируси дорои манбаъҳои табии сироятӣ буда, ба гуруҳи «бемориҳои ба воситаи хун сироятёбанда» мансуб аст. Ин навъи беморӣ ба одам асосан ба воситаи газидани канаи сироятёфта, алоқа бо хуни одами сироятёфта ва ё хуни ҳайвони сироятёфта мегузарад. Бояд гуфт, ки сол то сол манбаъҳои «таби хунин» афзуда, сабаби он муҳоҷирати одамон ва ҳайвоноти майдаю калони шохдор аст. Зиёд шудани теъдоди канаҳо ба саршумори моли хонагӣ ва ҷои нигаҳдории молҳо вобастагӣ дорад, зеро мардуми деҳот  дар оғилхона ва атрофи он таппакаҳоро хушк намуда, нигоҳ медоранд. Канаҳо дар сурохии деворҳои лойини оғилхонаҳо, хоса, дар таги таппакаҳо зиёд мегарданд.

Аломатҳои беморӣ ин аз баландшавии ҳарорати бадан оғоз ёфта, на камтар аз 72 соат давом меёбад. Ҳарорати бадани бемор ба табобат бо антибиотикҳо ва дигар маводи антибиотикҳо ва дигар маводи пасткунанда ҳарорат идора намешавад.

Тибқи дастурамали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷасади мубтало ба ин маразро бояд хлор зада, бо 3 қабат сони сафед ва селофани хлоролуда печонида, дар чуқурии беш аз 2,5 метр гӯронанд. Аслан дар Аврупо чунин бемориҳои таби хунинро сӯзонида, баъдан гӯр мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *