Марги 2 ва ҷароҳати 3 муҳоҷири тоҷик дар садама

Субҳи 18 сентябр бар асари як садама дар ҳудуди ноҳияи Болшечерниговскийи вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Муҳоҷирони тоҷик ба самти марзи Қазоқистон ҳаракат мекарданд.

Пулиси вилояти Оренбурги Русия хабар дод, ки субҳи 18 сентябр дар натиҷаи як садама дар наздикии марзи Қазоқистон ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

Дар маркази матбуоти пулиси вилояти Оренбург гуфтаанд, ки соати тахминан 05—30, як мошини «Форд Турнео Коннект” ҳангоми ҳаракат ба самти марзи Қазоқистон дар километри 181-уми шоҳроҳи Самара – Болшечерниговский аз роҳ берун баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷаи ин садама ду мусофири мошин ҳанӯз то расидани мошини «Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохта, табибон 5 нафари дигарро бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон бурдаанд.

Дар дафтари матбуоти пулиси Оренбург гуфтаанд, ки ҳарду ҳалокшуда шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Пулис аз нашри номи онҳо худдорӣ кард.

Муҳоҷирони тоҷик ҳар се моҳ маҷбуранд барои қонунӣ кардани будубоши худ аз марзи Русия берун шаванд. Бисёриҳо ба ин хотир ҳазорон километр роҳро паймуда, аз марзи Қазоқистон мегузаранд. Тақрибан ҳар ҳафта як ё ду хабар дар бораи дар роҳ ба марзи Қазоқистон дучори садама шудани муҳоҷирони тоҷик ё узбек гузоришҳо ба даст мерасанд.

Аммо ин шабу рӯз мавсими бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия низ ҳаст. Як қисми онҳо бо пули коркардаашон мошин харида, ба Тоҷикистон мебаранд. Соҳибони мошин маъмулан барои сабуктар шудани харҷи сафар муҳоҷирони дигарро ҳамроҳ мегиранд.

Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки муҳоҷирони субҳи 18 сентябр ҳалокшуда барои убури марз ба самти марзи Қазоқистон мерафтанд ваё ба Тоҷикистон бармегаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *