Марги 4 масъули мактабҳо дар роҳ ба ҷаласаи ришу ҳиҷоб
Чаҳор мовини мудирони мактабҳои ноҳияи Данғараи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар роҳ ба сӯи ҷаласаи шабона дар садамаи нақлиётӣ кушта шуданд.
Манбаъ мегӯяд, муовинони мудирон мебоист, дар ҷаласае ширкат кунанд, ки шаби 30 сентябр дар мавзуи дин дар бинои ҳукумати вилоят баргузор шуд. Ронандаро, ки яке аз муовинон буд, пушти фармони мошин хоб бурд ва мошин ба симчӯби канори роҳ бархӯрд.
Ронанда бо яке аз мусофирон дар ҷои ҳодиса ва ду мусофири дигар дар бемористон фавтиданд.
«Муовинон мебоист, дар ҷаласае ширкат кунанд, ки ба мавзуи мубориза зидди ришу ҳиҷоб бахшида шуда буд. Ба онҳо гуфта буданд, ки ҷаласа соати 1 шаб баргузор мешавад. Онҳо соати 11 шаби аз ноҳияи Данғара ба сӯи маркази маъмурии вилояти Фарғона ҳаракат карданд ва мебоист, 90 км-ро тай мекарданд, аммо дар нимароҳ садама карданд», — хабар дод манбаъ.
Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, аз рӯи ҳодисаи садама тафтиш шуруъ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ